Забон аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.
Эмомалӣ Раҳмон
Мутобиқ бо супоришу нақшаҳои Раёсати АМИТ оид ба баргузории семинарҳо, дирӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар мавзуи “Қонуни Забон: вазъ ва иҷроиши он дар раванди пешбурди илми геологияи тоҷик” семинар доир гардид. Доир ба мавзуи мазкур доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис Ғафуров Ф.Г. баромад намуда, дар хусуси хизматҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдоргардониву арҷ гузоштан ба волоияти Қонуни мазкур чанд нуктаи муҳимро қайд намуд.
Зикр гардид, ки тавассути сиёсати оқилонаву пайгирифтаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳо ва паҳлӯҳои гуногуни Стратегияву Барномаҳои давлатӣ дар кишвар босуръат рушд меёбад, ки Забон яке аз онҳост. Инкишоф ва пешравиҳои ботадриҷу мунтазами ҳама ҷабҳаҳои забони муосири тоҷикро дар ин фосилаи начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Шаклҳои адабии забони мо сол то сол сайқал ёфта, тавонову неруманд мегардад. Сабку услубҳо, жанрҳои гуногуни нигориш ва баёни гуфтор бо он фароҳам омадаву мунтазам суфта мегарданд.
Хосса, татбиқи амалии Қонуни Забони давлатӣ кунун дар ҳама сохтору зерсохторҳои Институт ботадриҷ амалӣ гардида истодаанд. Ҳуҷҷатнигориву баргузориҳои ҷаласаву нишастҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд. Дар фароварди кори семинар пешниҳод ба миён омад, ки дар Институт бо ҳамкорӣ бо дигар муассисаву корхонаҳои соҳавӣ омода намудани як луғатномаи мафҳумҳои геологӣ таҳия гардад. Ва ин пешниҳод аз ҷониби маъмурият ва кормандони Институт якдилона дастгирӣ ёфт.
Ҷобиров Алишер Асоевич
Ходими илмии ИГСЗТС