Имрӯз, санаи 01.10.2024 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо иштироки ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии Шуъба, доктори илмҳои техникӣ Абдулазиз Ғафоров дар ҷаласаи кормандони илмӣ шунидани ҳисоботи муассиса оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро ноиби президенти АМИТ Амонзода И.Т. ифтитоҳ намуда, нисбати муҳтавои асосии ин ҷаласа мухтасаран маълумот пешниҳод намуда, сипас барои шунидани ҳисобот сухан ба муовини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ Мустафо Гадоев дода шуд.
Гадоев М.Л. дар доираи вақти ҷудошуда доир ба натиҷаҳои асосии гирифташуда, татбиқи илм дар истеҳсолот, тарғиби донишҳои илмӣ, шумораи интишороти олимону мутахассисон, омода намудани кадрҳои илмӣ, ҳамкориҳои илмию амалии муассиса ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он,ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои илмӣ, иштироки кормандон дар кори чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун ва мушкилоти ҷойдошта ҳисоботи пурраю мукаммал пешниҳод намуданд.
Баъд аз саволу ҷавоб ва таҳлили ҳисобот, раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ Амонзода И.Т. ба баррасии ҳисоботи нӯҳмоҳаи Институт гузашта, оид ба шакл ва тартиби пешниҳоди ҳисобот, муҳтавои он ва камбудиҳои ҷойдошта андешаронӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва бо диди нав ҷамъбаст кардани ҳисобот маслиҳатҳои муфид дода, фикру андешаҳои худро барои пешравии кор ва ноил шудан ба дастовардҳои нав ба нав иброз намуданд.
Раҳимбекова Манижа
Ходими илми ИГСЗТС