Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз аз ҳар як сарвари сиёсӣ ва ё арбоби давлатӣ, ки идоракунии ин ё он давлатро ба дӯши худ дорад, талаб менамояд, ки ӯ соҳиби маданияти хос, рафтор ва гуфтори сиёсие бошад, ки манфиат ва арзишҳои миллиро ҳимоя карда тавонад. Зеро нақши асосиро дар муайяннамоии нуфузи давлат роҳу воситаҳои муаррифии кишвар мебозанд, ки ба василаи фаъолияти моҳиронаи нотиқии сарварони сиёсӣ амалӣ мегардад.
Воқеан ҳам табиб ва файласуфи бузурги тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ба дурустӣ таъкид дошта буд, ки «азбаски ҷомеа зодаи ҳамкорӣ ва ҳамраъӣ аст, ба касе ниёз дорад, ки қонун ва адолатро муқаррар намояд ва чунин кас бояд имкони тавассути сухан ба мардум муроҷиат карданро дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор созад». Албатта, ба сифати чунин шахсиятҳо пеш аз ҳама сарварони сиёсӣ дохил мешаванд. Қобилияти баланди суханронӣ доштани сарвари сиёсӣ ба рӯҳу равони одамон такони ҷиддӣ мерасонад. Сарвароне, ки аз санъати илми риторика огоҳанд ва қобилияти баланди суханварӣ доранд, ҳамеша аз омили муттаҳидкунии сухан дар сиёсат истифода бурда, ба ягонагии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Таърих ва таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз санъати баланди суханварии сарварон ва сиёсатмадорон боиси таҳаввулоти таърихӣ гашта, оммаи васеи мардумро барои ба мақсад расидан роҳнамоӣ кардааст. Ин гуфтаро дар фаъолияти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намудан мумкин аст. Пешвои миллат соҳиби иродаи қавӣ, дониши касбӣ, ва таҷрибаи бузурги ҳаётӣ буда, нутқи сарварӣ ва андешаи созандае доранд, ки ҳамаи ин сифатҳо маҳорати суханварии ӯро таъсирноку боваринок намудааст. Дар баробари ин риторикаи сиёсии ӯ баёнгари ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи бойи суханварӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки эътибору нуфузи Пешвои миллат дар ҷараёни муоширату муколамаи ӯ бо шаҳрвандони кишвар ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Ҳар як суханронии Сарвари давлат тавассути далелбиёрӣ аз ҳаёти ҷомеа сурат мегирад. Ӯ ҳамеша ба сомеон бо забони шево, лаҳни гуворо ва ба таври озод суҳбат намуда, факту рақам ва далелҳои ҷолибу равонро пеши рӯ меорад. Дидгоҳи хешро бо санъати бузурги сухандониву суханварӣ ва барои омма фаҳмо иброз медоранд.
Тавре, ки доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. менависад, “Суҳбати Пешвои миллат бо табақаҳои гуногуни ҷомеа - кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзӯъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқмекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани рӯҳияи қишрҳои гуногун - аъзо ва авзои ҷомеа, шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад”. Албатта, дар нутқи Сарвари давлат ҳамеша таъкиди сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва ифтихори миллӣ ҷойгоҳи худро дорад. Нутқ ва баромадҳои ӯ ҳамеша пурарзиш, боварибахш ва маънии ҳимояи манфиатҳои миллиро дошта, барои мардум таъсири хосса дорад.
Бояд гуфт, ки дар асоси таҳлил риторикаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба самтҳои алоҳида ҷудо намуд, ки аз ҳама муҳим ин нутқҳои дар арсаи байналмилалӣ ироа намудаи ӯ мебошад. Суханрониҳои сатҳи байналмилалӣ дарбаргирандаи нутқи Президенти кишвар дар ҳошияи маҷлисҳои СММ, созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ҳамчунин дар сафарҳои корӣ ба кишварҳои хориҷмебошад. Ин суханрониҳо аҳамияти муҳим дошта, ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, ки дар ҳифзи манфиатҳои сокинони сайёра нақши муҳим доранд. Инчунин, барои устувор намудани муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дорои аҳамияти муҳим мебошанд.
То имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, аз ҷумла, соли 2003 - Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 - 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои2018 - 2028» ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамасола 25 март рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст. Ин иқдомот дар самти рафъи мушкилоти глобалии сайёра, об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, муҳиму назаррас арзёбӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса ташаббуси навбатиро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) пешниҳод кард.
Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ояндаи Созмони Милали Муттаҳид санаи 23 09. 2024 қабули “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” - ро пешниҳод намуданд. Албатта, қабули ин қатънома дар таҳкими сулҳу амнияти башарӣ мусоидат менамояд.
Воқеан ҳам дар нутқҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти кишвар имрӯз идеяҳои эҷоднамудаи ин миллат дар арсаи байналхалқӣ садо дода, мавриди назари муҳаққиқон ва арбобони сиёсӣ қарор мегиранд. Суханрониҳои сатҳи байналмилаии Сарвари сиёсии мо ифодагари эътибору эътирофи ӯ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Албатта, дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои умумиятҳои иҷтимоӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, стратегияҳои бузурги давлатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти мардум баррасӣ мегардад. Аз ин рӯ, риторикаи сиёсии Пешвои миллат дар ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ, мустаҳкам намудани ваҳдат ва суботи сиёсӣ муҳимияти махсус дорад.
Фазилат Саидова - номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ