preloader

интизор шавед...

Минералҳои Тоҷикистон. Ёқут

  • 05-окт-2024
  • 116 дидани саҳифа

Тоҷикистон сарзамин ганҷхезест, ки конҳои кушодаву нокушодаи он асрҳост таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Бозёфтҳои ахири бостонҳиносон ҳикоят аз он дорад, ки пешгузаштагони мо ҳанӯз аз асри биринҷ дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор, Қаромазор ва Помир ба истихроҷи маъдан (мис, тилло, нуқра, симоб, оҳан, сурб) ва сангҳои қиматбаҳо (фирӯза, лаъл, лоҷвард, ақиқ ва ғайра) машғул буданд. Номи маҳалҳои Тоҷикистон ба монанди Кони нуқра, Кӯҳи лаъл, Лоҷварддара, Кондара, Кони Мансур ва монанди инҳо  акси садоест аз корномаҳои ковишгарони замони куҳан.

Ёқут (рубин, сапфир)

Ёқут  — санги қиматбаҳои конӣ, ки ба рангҳои сурх, зард, кабуд ва сафед вомехӯрад ва дар оташ нобуд намешавад. Ёқути сурх навъи сурхранг ва шаффофи ёқут, ки баъд аз алмос беҳтарин санги қиматбаҳо ҳисоб мешавад ва дар заргарӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ёқут чанд навъ аз сангҳои қиматбаҳо, ки сурх, кабуд, зард ва сафед буда, хелҳои гуногуни минерали корунд мебошад. Дар китоби “Оди ба сангҳо”, ки дар асри IX дар Сурия чоп шуда буд, ҳамаи сангҳои қиматбаҳое, ки ба корунд тааллуқ доранд, яхонт номида  шудааст. Абӯрайҳони Берунй дар асари худ “Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ул-ҷавоҳир” мавҷудияти яхонтҳои (ёқутҳои) сафед, кабуд, зард ва сурхро қайд мекунад. Дар дастнависҳои арманй бошад яхонти товусй низ ёдоварй шудааст, ки ранги он ба ранги парҳои товус монандӣ дорад.

 Ҳоло минералогу ҷавоҳиршиносон дар ибораи ёқут фақат ёқути сурх-минерали рубинро ифода мекунанд. Ёқути кабуд ё азрақро сапфир, ёқути сафедро лейкосапфир мегӯянд. Дар Шарқ ёқути сурх монанди донаи анорро ёқути руммонй ва ёқути сурхро лаъл ҳам меноманд.

Ёқути зард (асфар) навъи шаффофи минерали топаз-силикати  алюмин AI(FOH)2(SiО4) мебошад, ки бо хусусиятҳои химиявию физикии худ аз рубину сапфир фарқ мекунад.

         Рубин (ёқути  сурх) ва сапфир (ёқути кабуд) ба минерали корунди  асил (шаффоф) тааллуқ доранд, ки таркиби химиявиашон оксиди алюмин (AI2O3) мебошад. Ранги сурхи рубин асосан бо ғашҳои (омехтаҳои) оксиди  хром (Cг2O3), ки дар таркиби минерал то 4­% дучор мешавад, вобаста аст. Ранги кабуди осмонй ва бунафши сапфир бошад бо ғашҳои оҳан ва титан алоқа доранд. Ҷилои ба ситораи шашқиррамонанди (астеризми) сапфир аз дохилаҳои сӯзанмонанди титан пайдо мешаванд. Ранги корунди одии берангро сунбода меноманд. Бо он сангҳои қиматбаҳои саҳт ва ашёҳои гуногунро суфта мекунанд.

 Рубину сапфир дар ҷадвали сангҳои қиматбаҳои дараҷаи якум дар қатори алмосу (бриллианту) зумуррад (изумруд) меистанд. Ин минералҳо баъд аз алмос минералҳои сахттарин мебошанд. Сахтиин алмос мувофиқи ҷадвали (шкалаи) Моос10 бошад, аз ёқут 9 мебошад. Рубину сапфиру корунд дар сингонияи тригоналй булӯр шуда, кристаллҳои сутунча-бочкача, пирамида ва пластиншаклро ҳосил мекунанд. Гусехти (қабатпайвандии) минералҳо такмилнаёфта мебошад. Ҷилояшон шишагй буда, ба булӯр монанд аст.

Булӯрҳои калони рубин хеле камёфт мешаванд. Дар музеи Британия (Лондон) кристалли рубине аз Бирма, ки вазнаш 3450 қирот ва “Рубинн Эдуард” 167 қирот маҳфуз аст. Булӯрҳои калони сапфир якчанд килограмм вазн доранд. Кристалли калони одии сапфирро, ки 19 кг (95000 қирот) вазн дорад, дар ҷазираи Шри-Ланка ёфтаанд, дар фонди Алмоси Москва якчанд рубин ва сапфирҳои калони номдор маҳфуз аст, ки валютаи давлат мебошанд.

Аз қадим ёқути сурх (рубин) ҷавоҳироти дӯстдоштаи мардуми Шарқ буд. Онро ҳамчун тилисм нигоҳ медоштанд, тӯмор ва лавозимоти ороишро зеб медоданд. Абурайҳони Берунй дар асари худ қайд мекунад, ки дар ангуштарини Ҳорун-ар-Рашид ёқути сурхи норинҷй (исмаш “Ҷабил”, яъне (кӯҳ) буд, ки 3 мисқол (13г) вазн дошт ва онро ба 100 ҳазор динор харида буд. Шоҳи Сарандит ёқуте дошт, ки вазнаш 55 мисқол (250г) буд. Ин ёқут сайёҳи машҳури итатиёнй Марко Полоро (асри XIII) ҳам ба ҳайрат оварда буд. Дар Ҳиндустон рубинро “патнараҷ”-шоҳи ҷавоҳирот меноманд.

Рубинро аз қадим ҷавоҳироти шафобахш ҳисоб мекунанд. Вай дил ва майнаро табобат мекунад, ба одам қувва мебахшад, хотирро ҷамъ мекунад. Дар китоби М.И.Пыляев доир ба сангҳои қиматбаҳо (1896,Санкт-Петербург) хислатҳои табобатй ва тарзи истеъмоли рубин баён шудааст.

Ҷавоҳиршиносон рубинро тилисми бахтовар барои шахсоне, ки дар моҳи июл таваллуд шудаанд, тавсия мекунанд.

Як қирот рубин вобаста ба ҳачм, ранг шаффофй ва сифати суфтаву қиррадориаш бо нархи соли 1983 аз 500 то 3000 доллар ба  фурӯш  мерафт. Одатан нархи кристаллҳои калонҷусса якчанд маротиба қимат мебошанд. Ҳаҷми сангҳои ҷавоҳирй бояд аз 2x2x2мм кам набошад.

 Сапфир тилисми рӯҳбаландй, босадоқатй ва покизагй мебошад. Вай касро  боҷуръат, далер нигоҳ дошта аз рағбатҳои  ногувор ҳифз мекунад. Ба кас дӯстонро наздик, душманро дур мекунад. Тӯмори сапфир одамро аз аҳдшиканй, ваҳм ва касалиҳои дил нигоҳ медорад. Сапфир санги қиматбаҳои касоне, ки дар моҳи март таваллуд шудаанд, мебошад. Нархи як қирот сапфир аз 750 то 2000 доллар тағйир  меёбад.

Мавҷудияти ёқутро дар Помир ҳанӯз солҳои сиюм академик, ҷавоҳиршиноси машҳур А.Е.Ферсман (коншинос ва геохимики аҳли русия, ки солҳои 1883-1945 зистааст) пешгӯй карда буд. Солҳои ҳафтодум геологҳои экспедисия Помир ва Инстутти  геологияи Академияи илмҳои ҷумҳурй А.М.Скрижител, В.М.Дроздов, Н.Н.Журавлев, Б.И. Ганченко, Е.А. Дмитриев дар Помири Шарқй (Кукурт, Қозиндй, Туракулон) якчанд манбаъҳои корунд ва булӯрҳои шаффофи он ёқути сурх (рубин) ва ёқути кабуд (сапфир)–ро дарёфтанд. Булӯр ва зарраҳои ин сангҳои қиматбаҳо дар байни табақоти мармарҳои археи Сариҷилга, ки дуюним миллиард сол муқаддам пайдо шудаанд, вомехӯранд. Минтақаи ҷинсҳои кӯҳии корунддор, ки бараш то 800м аст, ба 10-12 км тӯл мекашад.

Ранги кристаллҳои рубин аз сурхи  паст то сурхи ҷигарй ва бунафш тағйир меёбад. Дар ин минтақа 2 кристалли дукилограммаи рубини ношаффоф дарёфт шуд. Булӯрҳои призмамонанди сапфир ранги кабуди баланд дорад. Ҳаҷми кристаллҳо то 4мм мешавад. Дар мавзеи Сасиқ ва Рангкӯл ҳам якчанд манбаъҳои рубин дарёфт шуд.

 Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Помири Шарқй яке аз манбаъҳои калони сангҳои қиматбаҳо мебошад.

 

Манбаъ: Р. Баротов: “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе “Маориф”, 1996.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту