Моҳи сентябри соли 2023 рониши бузурги замин (ярч) дар Диксон-форд дар шарқи Гренландия сабаби пайдо шудани як мегасунамӣ ба иртиқои беш аз 200 метр дар наздикии нуқтаи вуруди об шуда буд.
Ин ҳодиса боиси сигналҳои сейсмикӣ гардид, ки беш аз як ҳафта давом кард ва дар миқёси ҷаҳонӣ сабт шуд. Омӯзиши ин ҳодиса дар бораи оқибатҳои аз байн рафтани яхбандии абадӣ дар натиҷаи гарм шудани кураи Замин маълумоти арзишманд медиҳад. Лағзишҳои бузурге, ки қодир ба эҷоди сунамӣ ҳастанд, аз даврони тотаърихӣ метавонанд дар фъордҳо (водиҳои аз пиряхҳо харобшуда, ки пас аз қафо рафтани яхҳо ишғол кардаанд) дида шаванд. Бо вуҷуди ин, талафоти босуръати яхбандии абадӣ бар асари гармшавии умумиҷаҳонӣ устувории ин минтақаҳоро боз ҳам коҳиш дода, хатари ярч ва сунамиро афзоиш медиҳад.
Сунамиҳо дар фъордҳо яке аз офатҳои табиии харобиовар маҳсуб мешаванд. Яке аз охирин сунамиҳо соли 2017 дар фъорди Каррат дар Гренландияи Ғарбӣ рух дода буд. Бар асари ярч, ки қариб 50 миллион метри мукааб сангро пеш овард, сунамии баландиаш беш аз 90 метрро ба бор овард, ки дар натиҷа деҳаи Нуугаатсиак зери об монда, 11 хонаро тахриб ва 4 нафарро ба ҳалокат расонд.
Дар соҳили шарқии кишвар низ мегасунамиҳо бо баландии беш аз 100 метр сабт шудаанд, ки паёмадҳои он дар саросари Аврупо эҳсос шудааст. Яке аз чунин ҳодисаҳо моҳи сентябри соли гузашта дар Диксонфёрд, як минтақаи дурдасти шарқи Гренландия рух дод ва бори аввал шоҳидони айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он хабар доданд. Ин ҳодисаи ҷудогона дар гузориши расмӣ низ тавсиф шудааст, ки мавҷҳои ғайримуқаррарӣ ба як иншооти низомии ҷазираи Элла, воқеъ дар 60-километрии фъорд зарба задаанд. Сигналхои сейсмикиро якчанд стансияхои ҷаҳон ба қайд гирифтанд, ки ин олимонро водор намуд, ки механизми пайдоиш ва паҳншавии онҳоро омӯзанд.
"Далели сигнали мавҷе, ки дар натиҷаи ярч дар як минтақаи дурдасти Гренландия ба вуҷуд омадааст ва дар тӯли беш аз як ҳафта дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад, ҳаяҷоновар аст ва ҳамчун сейсмолог, маҳз ин сигнал таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷалб кард",- мегӯяд Ангела Каррилло ва идома медиҳад:- Таҳлили сигнали сейсмикӣ метавонад ба мо ба саволҳо дар бораи равандҳои рухдода посух диҳад ва ҳатто ба беҳтар шудани мониторинги ҳодисаҳои шабеҳ дар оянда сабаб гардад”.