preloader

интизор шавед...

Маънои сунамӣ чист?

  • 06-окт-2024
  • 334 дидани саҳифа

Ин истилоҳ дар замбони тоҷикӣ баробарие надорад, чун мо на баҳр дорему на наздик ба кадом уқёнусе ҳастем ва худи рӯйдод бароямон бегона аст.

Сунамӣ аз англисии Tsunami. Як ҳодисаи табиӣ аст, ки ларзиши об дар баҳру уқёнусҳоро дар назар дорад.

Сунамиро гоҳо обларза, обтоз  тарҷума кардаанд, яъне ларзиши шадид дар об ба мисли заминларза. Аммо истилоҳи дар кулли забонҳо пазируфташуда ҳамин сунами (анг.  Tsunami) аст.

Азбаски бисёре аз сунамиҳо дар соҳилҳои Ҷопон рух медиҳанд, истилоҳ низ аз ҷопонӣ ба инглисӣ ва аз он ба ҳамаи забонҳо роҳ ёфтааст. 

Сунамӣ худ яке аз балоҳои табиӣ аст, ки ба ларзиши шадиди оби дарёву уқёнусу кӯлу баҳрҳо гуфта мешавад, ки дар пайи заминларзаҳои зериобӣ падид меояд. Обе, ки ба ларза даромада ба шакли мавҷҳои азим ба соҳилҳо расида, вайронӣ меорад. 

Он замоне шуруъ мешавад, ки  ҳаҷми азиме аз об ба суръат  ба авҷ мерасад. Ин ҳаракати сареъ метавонад дар натиҷаи як зилзилаи зериобӣ рух диҳад ё бар асари лағжиши куҳпора ба амал ояд. 

Таҳияи Б.Шафеъ

 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту