preloader

интизор шавед...

Донишмандон дар Миррих тағйири иқлимро мушоҳида карданд

  • 19-окт-2024
  • 71 дидани саҳифа

Бо оғози иктишофи мустақими Миррих дар солҳои 1950—1960 тасаввурот дар бораи эҳтимоли ҳаёт дар он пайваста дар ҳоли тағйир аст. Дар ҳоли ҳозир аз комилан набудани атмосфера сатҳи он дар зери таъсири шуоъҳои кайҳонй шаклан тағйир меёбад.

Ба ин ҳол дар ҷараёни таҳқиқи Миррих далелҳои зиёде дар бораи мавҷудияти атмосфераи зич ва тақсимоти густурдаи обҳои рӯизаминӣ дар гузаштаи сайёра кашф шуда буд. Бо вуҷуди ин, замони дақиқ ва далелҳои тағйири шароит мушаххаст нест. Ин яке аз мавзуъҳои аслии таҳқиқот дар Миррих мебошад.  

Миррихгарди Curiosity чанде пештар даҳанаи Гейла ба андозаи 154 километр, ки 3,5-3,8 миллиард сол пеш ба вуҷуд омада буд, тарк кард. Хусусиятҳои геологӣ ва геоморфологии объект аз мавҷудияти обҳои рӯизаминӣ дар гузашта дар ин минтақа шаҳодат медиҳанд. Дар асоси ин олимон ба ин хулоса расида буданд, ки дар ин ҷо маводе мавҷуд аст, ки дар муҳити обӣ дар шакли сулфатҳо, гилхокҳо ва карбонатҳо ба вуҷуд меояд. Ҳангоми таҳқиқи даҳана, ин миррихгард намунаҳои хок ҷамъоварӣ кард ва онҳоро бо асбоби таҳлили намуна (SAM) ва спектрометри танзимшавандаи лазерӣ (TLS) таҳлил намуд.

 Нишондиҳандаҳои палеоклимат таркиби изотопии карбонатҳоро дар бар мегиранд, зеро ҳангоми пайдоиши ин пайвастагиҳо изотопҳои сабуки унсурҳои асосии онҳо дар шакли карбон ва оксиген ба атмосфера бухор мешаванд, аммо вазнин боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, таносуби онҳо чунин параметрҳои иқлимиро, монанди ҳарорат, рН-и об, таркиби об ва атмосфераро инъикос мекунанд.

 Дар асоси натиҷаҳои таҳлили изотопии карбонатҳо аз даҳани Гейл болотарин миқдори изотопӣ, ду то се баробар бештар аз миқдори зикршуда бухоршавӣ дар Замин аст. Онҳо бухоршавии шадид ва зуҳури хеле сусти равандҳои муқобилро нишон медиҳанд. Ҳамин тариқ, тахминан, ин ҷинсҳо дар ҳузури танҳо моеъи убурӣ (транзитӣ) ба вуҷуд омадаанд.

 Бино ба гузориши Маркази парвозҳои кайҳонии ба номи Goddard-и NASA, таносуби изотопии карбонатҳо ду механизми ташаккули онҳоро инъикос мекунанд: дар шароити ивазшавии давраҳои тар ва хушк ва дар ҳарорати паст дар оби шӯр. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пас аз шароити мусоид об шуруъ ба табдил ба ҳолати ҷомид ва боқимондаи он бо шӯрии шадид мушаххас шуд.  

Илова бар ин,натиҷаҳои ба даст овардашуда нишондиҳандаи вуҷуди биосфера дар сатҳи Миррих нест. Ҳарчанд олимон мавҷудияти як биосфераи зеризаминӣ ё пайдоиши карбонатҳои омӯхташударо пас аз нопадид шудани ҳаётро рад намекунанд. 


Манбаъ: https://www.geonews.ru/ 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту