КРАТЕР (юнонии κρατήρ - ба маънои коса) - даҳанамонанду қифшакл. Дар Донишномаи озоди форсӣ “Даҳанаи оташфишонӣ” гуфта шуда ва шарҳ ёфтааст: “фурӯрафтагиҳои гирдӣ аст, ки дар натиҷаи канишҳои оташфишонӣ бар рӯи замин падид меояд. Даруни бештари ин даҳонаҳо ва бар рӯи даричае, ки ҳар гоҳ, ки магма ба шакли газ, гудоза ва партоба аз он шуъла мезанад, обгири гирде падид меояд. Андоза ва жарфои даҳанаҳои оташфишонӣ мумкин аст бузург бошад”.
Қутри он метавонад аз даҳ метр то чанд километр бошад, жарфои он аз чанд то садҳо метрро дар бар гирад. Дар поёни кратер як ё якчанд сӯрохиҳо мавҷуданд, ки тавассути онҳо гудозаҳо ва дигар маҳсулоти вулқонӣ ба сатҳи об партоб шуда, аз камераи магма берун мешаванд. Баъзан поёни кратер бо кӯли гудозаҳо пӯшида мешавад.
НАВЪИ ГАВАЙӢ. Баргирифта аз вулқони Моуно-Лоа дар маҷмаъаҷазираҳои Гавай. Моуно-Лоа яке аз 5 оташфишонест дар ҷазираҳои Гаваии Иёлоти Муттаҳида дар уқёнуси Ором. Он як оташфишони сипарӣ ва ба маънои “Кӯҳи баланд” аст. Он ҳамчунин бузургтарин оташфишони зерибаҳрии олам аз дидгоҳи ҳаҷму андоза ба шумор меравад. Ин қиёс бо оташфишони хомӯш ва ғайрифаъоли Тому Массив (оташфишони сипарии ғайрифаъол дар шимолу ғарби уқёнуси Ором) мебошад.
НАВЪИ СТРОМБОЛӢ – (иқтибосшуда аз вулкани Стромболи дар ҷазираҳои Липал дар қисмати шимол аз Ситсилия) ба давлати Италия дахл дорад. Гудозаҳои он часпанда ва бо неруи гуногун аз танӯраи он ба масофаҳои мухталиф партоб мешавад.
Номи он аз лотинии στρογγύλη (“доирашакл”) аст, ки аз намуди он гирифта шудааст ва қутраш 12,5 километри мураббаъ мебошад. Ин вулқон хеле фаъол аст ва ҳамеша фаввораи оташи онро метавон дид. Аммо бузуртарин фаввораи он 13 апрели соли 2009 ба вуқуъ пайваста буд.
Охирин бор моҳи июли соли 2019 аз вуҷуди худ дарак дода буд. Се даҳанаи оташфишони фаъол дорад.
НАВЪИ ПЛИНИАНӢ – гунае аз инфиҷори оташфишонӣ аст, ки вижагии он ҳаммонандӣ бо навъи фаврони оташфишони кӯҳи Везувий дар Италия дар соли 79 милодӣ мебошад. Дар оташфишони Плиниани сутуне аз дуд ва хокистар то старотосфера боло меравад. Аз вижагиҳои ин навъ фаввора эҷоди гудозаҳои пемза ва фаввораҳои неруманду пайвастаи газ дар ҳаво аст. Ин оташфишонҳо тамоми сол фаввора надоранд ва ҳадс зада мешавад, ки бо гузашти замон хомӯш шаванд ва ғайрифаъол гарданд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ