preloader

интизор шавед...

Боқимондаҳои бисьёр намудҳои давраи карбон кашф шудаанд

  • 20-окт-2024
  • 84 дидани саҳифа

Давраи карбон бо афзоиши консентратсияи оксиген дар атмосфера ва азхудкунии гази карбон аз ҷониби рустаниҳо, ботлоқзорҳо ва ҷангалҳои васеъ, рушди интенсивии олами набототу ҳайвонот маълум аст.

Бештари маълумот дар бораи давраи карбон аз таҳлили қабатҳои ангишти конҳои ботлоқи Пенсилвании Миёна, ки 315—307 миллион сол пеш ба вучуд омадаанд, гирифта шудааст.

  Ҳоло як гурӯҳи илмии байналмилалӣ дар шарқи Амрикои Шимолӣ дар ташаккули Вамсутта ҷинсҳои таҳшинии барвақти Пенсилванияро кашф кард, ки аз боқимондаҳои органикии то 320-318 миллионсола иборат аст. Ҷойгоҳи бозёфт Lantern North  (Фонуси Шимолӣ) номида шуд.

 Мушаххасоти геологӣ дар муқоиса ба соири бахшҳои Панселвания хос аст. Ин амр  дар ин воқеъият мунъакис мешавад, ки аз маводи дурушти терригении ҷинсҳои таҳшинии кӯҳна бо қабатҳои регсанги оксидшуда омехта шуда, ҳавзаеро ташкил медиҳад, ки баъдтар дар муҳити ботлоқзор аз боқимондаҳои органикӣ сер гашт.

 Дар ҷинсҳо ​​боқимондаҳои зиёда аз 100 намуди организмҳо мавҷуданд. Ба гуфтаи олимон, онҳо дараҷаи хеле баланди нигоҳдорӣ доранд. Ин имкони бозсозии ҷанбаҳое аз амалкарди кулли экосистемҳоро фароҳам мекунад, ки он дар асоси сангшудаҳо имконпазир нест.

То кунун 131 гуна гиёҳшиносӣ шудааст, ки шомили 83 гунаи нодири шоху барг буда, тасаввур мешавад аввалин дарахтони сӯзанбарг ба иртиқои 30 метр мебошанд.

Ғайр аз ин, аввалин далел аз тухмгузории ҳашарот ба шакли осеб дар сатҳи гиёҳон кашф гардид. Қаблан эътиқод бар ин буд, ки ин равиши тухмгузорӣ 14 миллион сол баъд зоҳир гашт. Илова бар ин аввалин шавоҳид аз галҳо (анг. Gall – бемории гиёҳӣ. Рушди ғайритабии бофти гиёҳон аст, ки метавонад бар асари омили ангалҳои (паразитҳои) мухталиф аз занбӯруғ ва бактерияҳо то ҳашарот пайдо шавад) зикр шудааст, ки онҳо ғуддаҳои рӯи сатҳи гиёҳон ҳастанд, ки дар натиҷаи нуфузи ҳашарот ба бофти онҳо эҷод шудааст. Ин муносибатҳои мураккаби байни рустаниҳо ва ҳашаротҳоро инъикос мекунад.

Дар ниҳоят, зуҳуроти аввалини гурӯҳҳои асосии ҳайвонот, ки баъдтар бартарӣ пайдо карданд, кашф шуд.


Манбаъ: https://www.geonews.ru/

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту