Аз соли 2000 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул кард. Ин иқдоми қобили ситоиш бидуни шак дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фарҳам овард.
Соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва саранҷом, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Чаро Пешвои муҳтарами миллат тӯли ин солҳо ба масъалаи об бештар таваҷҷуҳ карданд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ин гуна мушкили беобӣ надорад? Дар ин мақола руҷуе хоҳем дошт дар мавриди мушкили ҷаҳонии об.
КАМБУДИ ОБ ЧИСТ?
Камбуди об ё камёбии об (анг.Water scarcity) – камёбӣ ва буҳрони обро гӯянд. Ахиран барои ифода ибораи таниши (стресси) обро ҳам истифода кардаанд ва он ба маънои мушкил дар ёфтани манобеъи оби ширин барои истифода аст, ки иллати он холӣ захираи об мебошад. Буҳрони об ваъияте аст, ки дар он оби қобили ошомидан ва ғайриолуда дар як минтақа камтар аз талабот ба он аст.
Камобӣ ин ба маънои набудани захираи лозими оби ширин барои таъмини талаботи муқаррарии он мебошад. Камобӣ ба иллати хушксолӣ, набудани борандагӣ ва олудагӣ низ ба вуҷуд меояд.
Оби нӯшокӣ барои таъмини ҳаёт муҳим аст ва барои саломатии инсон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашанд. Аз асри ХХ инҷониб мушкили нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун мушкилоти ҷаҳонии замони мо ба ҳисоб меравад. Аҳолии ҷаҳон босуръат дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамзамон талабот ба оби тозаи ошомиданӣ меафзояд.
Камбуди оби ошомиданӣ ин паёмадҳои тағйири иқлим бар асари фаъолияти инсон аст, ки муҷиби коҳиши захираҳои об шудааст. Ин фаъолиятҳо иборатанд аз олуда шудани обҳои ошомиданӣ дар экосистема, ҳамчунин натиҷаи шаҳришавӣ ва тағйири низоми истифодаи замин мебошад.
Як мушшкили аслӣ дар ин росто олудагии оби ошомиданист, ки амалан боиси коҳиши захираҳои он шудааст. Ба ин партобҳои саноатӣ, қубурҳо, нуриҳои шусташуда аз заминҳои кишт бештар сабаб шудааст.
ПАЁМАДҲО
Аз сабаби норасоии оби тоза одамон маҷбур мешаванд эҳтиёҷи худро аз манбаъҳое бароварда созанд, ки ба саломатии онҳо хатар дорад. Истеъмоли оби олуда боиси зарар ба саломатӣ мешавад, сабаб мегардад, ки одамон гирифтори ҳар гуна бемориҳои сироятии ҳалокатовар шаванд. Камбуди об боис мешавад, ки одамон онро дар хонаҳо захира кунанд ва ин худ хатари олудагиро бештар мекунад ва шароити мусоидеро барои рушди ҳар гуна бактерияҳои касалиовар фароҳам меорад. Масъалаи беҳдоштӣ аз ҷумлаи мушкилоти дигар аст, ки бар асари камбуди об ба вуҷуд меояд. Зеро одамон наметавонанд ба таври зарурӣ шустушӯ кунанд, сару либосашон ва хонаи истиқоматии худро низ поку озода нигоҳ доранд.
Коршиносон бонги хатар мезананд, ки агар тадбирҳои амалӣ андешида нашаванд, пас то соли 2030 5 миллиард сокинони сайёра (2/3 ҳиссаи аҳолӣ) аз камбудӣ оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Имрӯз барои ҳар сокини Замин наздик ба 750 м3 оби ошомиданӣ мерасад, аммо бино ба таҳлилҳои донишмандон агар вазъ ин гуна идома кунад, то соли 2050 ин рақам то ба 450 м3 коҳиш хоҳад ёфт. То 80 % кишварҳои олам дар минтақае қарор хоҳанд гирифт, ки тибқи таснифоти СММ зери хати камбуди захираҳои об аст.
Барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонии инсон соли 2000 Иҷлоси ҳазораи СММ барномаеро бо номи «Аҳдофи тавсеаи ҳазора”-ро қабул кард. Ҳашт ҳадафи рушд, ки мебоист то соли 2015 ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он даст меёфт, таъмини аҳолии олам бо оби ошомиданӣ махсус дар ҳадафе зикр нашуда буд. Аммо дар ҳадафи ҳафтум, ки “Таъмини рушди устувор” ном дошт, ин вазифа гузошта мешуд, ки то соли 2015 ҳиссаи аҳолие, ки ба оби тоза дастрасӣ надорад, коҳиш дода шавад.
Бино ба гузориши СММ аз соли 1990 то соли 2015 2,6 миллиард нафар ба манобеъи оби тоза дастрасӣ пайдо карданд, ки 42 дарсади онҳо сокинони кишварҳои камтар рушдёфта мебошанд. Ба ҳисоби омори соли 2015 ҳоло аз ин гуна захираҳои об 96% сокинони шаҳрҳо ва 84% бошандагони деҳот истифода мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамоно 663 миллион нафар сокинони Сайёра аз оби тозаи нӯшокӣ маҳруманд, ки 80 дарсади онҳо сокинони деҳот мебошанд.
Соли 2015 барномаи “Ҳадафҳои рушди ҳазора” ба анҷом расид. Ҳарчанд на ҳама бахшҳои он комил иҷро шуданд, вале дар умум дар доираи ин барнома корҳои басо зиёде ба анҷом расонида шуданд. Ба дунболи он барномаи нав – “Ҳадафҳои рушди устувор” барои то соли 2030 қабул шуд, ки дар он таъмини аҳолии Сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ ва беҳбуди беҳдоштӣ бахши алоҳида ҷудо шуд.
Дар маърузаи ЮНЕСКО “СММ-захираҳои об” аз тезутунд шудани хушунатҳо дар ҷаҳони муосир бар асари мушкилоти оби тоза бонги изтироб зада шудааст. Агар мо бихоҳем, ки дар сайёра сулҳу осоиш ҳоким бошад, пас давлатҳо ногузиранд ҳамкориҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои фаромарзиро таҳким бахшанд. Ин даъвати ЮНЕСКО ба он маъност, ки агар мо сулҳу осоиш хоҳем, пас на танҳо бояд бо ҳадафи ҳифзи заираҳои об хеле зуд амал кунем, балки барои таҳкими ҳамкориҳои умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ин самт талоши бештар ба харҷ диҳем.
Тавре Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон менависад: “маҳз дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромадааст. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар баробари ин дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст”.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ