ПЕМЗА - санги ҷилбур - санги ковоки сӯрохдори вулканӣ барои суфта кардан ва пардоз додани чизе (Луғати русӣ ба тоҷикӣ). Навъе аз санги озарин аст, ки аз сард шудани гудозаҳои оташфишонӣ шакл мегирад. (Луғати русӣ ба форсӣ).
Пӯкаи маъданӣ ё санги оташфишонӣ аз гудозаҳои оташфишонӣ ташкил шуда, ки пас аз расидан ба сатҳи замин сард шуда, ба сурати донаҳои рез ва дурушт медарояд. Сатҳи он ҳубобӣ ва дорои сӯрохҳост. Номи илмии он Pumice буда, муҳимтарин вижагиаш сабукии он аст.
САНГИ ОЗАРИН (анг. Igneous rock) – дар заминшиносӣ ба сангҳои бардорандаи маводи гудохташуда гуфта мешавад. Ин сангҳо ба ду бахш: сангҳои озарини дарунӣ ва берунӣ ҷудо мешаванд. Сангҳои озарини берунӣ ҳосили равандҳои оташфишонӣ, вулканҳо ва берун рехтани маводи гудохта аз даҳанаи оташфишонӣ мебошад. Аммо сангҳои озарини дарунӣ ҳосили раванди мондани маводи гудохта дар дар ошиёна ва сард шудани оҳистаи он аст. Махсусияти сангҳои озарини дарунӣ он аст, ки дорои булурҳои дурушт мебошанд, ранги рушану зебо доранд. Сангҳои озарини бурунӣ, ки аз даҳанаи оташфишонӣ берун партоб мешаванд, сангҳои оташфишонӣ низ номида мешавад, ба мисли базалт ва риолит. (Донишномаи озоди форсӣ).
РИОЛИТ (анг. Rhyolite) – як навъи санги отшафишонӣ аст, ки ба мисли санги хоро сахту мустаҳкам. Ин сангҳо дар мавзеъҳои вулқонӣ чун гунбазҳои хурд ҳамроҳ бо навъҳои дигари сангҳо дида мешаванд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ