preloader

интизор шавед...

Заминларзаҳо дар таърихи башар. Зилзилаи Ишқобод, соли 1948

  • 03-ноя-2024
  • 83 дидани саҳифа

Ин фоҷеаи даҳшатбор 76 сол пеш, як поси шаб, 6 октябр, соати 02:47 дақиқа, вақте сокинон дар хоби ноз буданд, рух дод. Шиддати он тибқи миқёси Рихтер 7,3 ё 7,2 балл буд. Шумори ҳалокшудагон дар ин заминларза ҳудуди 19 800 нафар будааст ва захмиён бештар аз 10 ҳазор нафар. Модар ва бародари президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар ҳамин заминлраза ҷон бохта буданд. Мабдаъи ин зилзила дар умқи 18 км дар зери шаҳр буд.

Аз 6 то 26 октябр 8799 нафар сокинон ба шаҳрҳои дигари ИҶШС интиқол дода шуданд ва дар ин кор 120 ҳавопаймои ҳарбиву мулкӣ ва баъдаи 8 октябр қаторҳои беҳдоштӣ ширкат намуданд. Он вақт шаҳри Ишқобод 66 739 нафар аҳолӣ дошт. Азбаски ин зилзила як поси шаб рух дод, касе имкони берун ҷастан аз манзил наёфт ва аксаран зери вайронаҳо ё фавтиданд ва ё шадидан захмӣ шуданд. Дар як мижа задан даҳҳо ҳазор нафар сокинон зери шикастапораҳову хоку сангтӯдаҳои монданд. Аз соли 1995 6 октябр чун рӯзи Ёдбуди шаҳидони ин зилзила таҷлил мешавад.

   Баъдҳо экспедитсияи махсуси зилзиласанҷии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин бахшҳои ҷумҳуриявии АИ ва дигар муассисаҳои илмии давлатӣ паёмадҳои ин заминларзаи харобкорро санҷиданд. Натиҷаи ин омӯзишҳо дар ҳисоботҳои илмӣ ва маърӯзаҳо ба ҳукумати ИҶШС ироа шудаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки як сабаби фоҷеаи соли 1948  Ишқобод интихоби маҳалли шаҳрсозӣ буд. То ин замон дар ҳамин қаламрав аз се заминларзаи шадид хабар дода мешуд. Яке аз онҳо наздик ба 2000 сол пеш солшумории мо дар рустое бо номи Оқтеппа, маҳалли имрӯзаи шаҳри Ишқобод иттифоқ уфтода буд. Як такони басо шадид пойтахти шоҳаншоҳии Ашкониён шаҳри қадимии Нисоро, (ки аз ҷумлаи шаҳрҳои бостонии Эрони қадим дар Хуросон ба шумор мерафт) тахминан дар соли 10 то солшумории мо хароб кард. Ва ин шаҳр ҳам дар наздикии Ишқободи имрӯза ҷой гирифта буд. Наздик ба солҳои 951-1000 Нисо боз як бори дигар аз як заминларзаи шадид хароб шуд.

   Ин буд, ки соли 1881 вақте шаҳр бунёд мекарданд, омили зилзила ба назар гирифта нашуда буд. Биноҳои ноустувор, сохтмонҳои ба зилзилаҳо осебпазир ва ғайраро метавон сабабҳои дигари харобиҳо номид.


Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту