preloader

интизор шавед...

Бахтномаи миллат. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 03-ноя-2024
  • 70 дидани саҳифа

Ҷашни фархундаи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро расид. Мо Конститутсияро Бахтнома миллат меномем ва ҳаққо, ки чунин ҳасту чунин хоҳад буд.

 Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳим- тарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Конститутсия  ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.

 Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.

Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститусия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии ҷомеа мебошад.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва ҷавобгўи талабот буда, беҳтарин Конститутсияи олам эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ин ҷомеа мерасанд

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Имрўз баъди сипарӣ гардидани 30 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту