preloader

интизор шавед...

Минералҳои Тоҷикистон. Беҷода (гранат)

  • 04-ноя-2024
  • 40 дидани саҳифа

Кристаллҳои  беҷодаи хушранги шаффоф ба сангҳои ҷавоҳирии тартиби Ш тааллуқ доранд. Беҷода (гранат) ба гурӯҳи минерали силикатҳои мураккаби оҳан, алюмин, калий магний, манган ва храм дохил мешавад. Минерал ба системаи кубй кристалл мебандад. Минералҳои гурӯҳи беҷода аз ҷиҳати хусусиятҳои кристалокимиёвӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

1) беҷодаҳои магний, манган, оҳандор –пироп, ки рангашон бештар сурх, ҷигарй ва зардча мешаванд;

2) беҷодаҳои калсийдор-гроссуляр, уваровит, ки сабз, бӯр, саёҳанд.

Баъзан беҷодаҳои беранг  низ вомехӯранд. Беҷода бештар дар ҳолати кристалл ва агрегатҳои донадор дида мешавад. Сахтиаш 6,5-7.5. Онро корд наметарошад. Беҷодаҳо дар ҷинсҳои метасоматй-скарнҳопегматитҳо, варақсангҳои метаморфй, ҷинсҳои қаърй –эклогит ва кимберлитҳо ба вуҷуд меоянд. Инчунин дар рагҳои гидротермалй вомехӯранд. Дар  натиҷаи  хароб шудани ин ҷинсҳои кӯҳӣ  пошхӯрдаҳои  беҷода пайдо мешаванд. Беҷодаҳои шаффофу хушранг (пироп, алмандин), ҳамчун санги қиматбаҳо дар заргарй ва хелҳои сахти он дар техника, ҳамчун масолеҳи абразивй  истифода мешаванд.

Конҳои калонтарини беҷода дар Ҳиндустон, Ҷумҳурии Чех, собиқ Иттиҳоди Шӯравй (Урал, Закавказия) ёфт шуданд. Абурайҳони Берунй дар асари худ “Китоб-ул ҷамоҳир” беҷода –гранатро биҷозй (дона-дона), саджарй, гарвй испидчашма, мазинаҷ меномад. Ба қавли ӯ беҷодаи тиллоранг ба оташ, ёқути сурх ба лаъли Бадахшон монандй дорад. Мувофиқи маълумоти Ал-Киндй беҷода аввалин бор дар кӯҳҳои Рахун (Сейлон), баъд дар байни мавзеъҳои  Шикинан ва Вахони Бадахшон дарёфт шудааст. Дар он ҷо беҷодаро бо номи яке аз деҳаҳои Вахон саджарй мегӯянд.

Нархи гранатҳои ҷавоҳирй (пирок, алмандин, спессартин, троссуляр, андрадит), ки вазнаш аз 1 то 4 қирот мебошад, вобаста ба сифаташон аз 5 то 100 доллар (бо нархи соли 1980) тағйир меёбад.

Лавозимоти ҷавоҳирии (дастпона, халқа, нигин ва ғайра) бо беҷода зебу  зиннат ёфта, ҳамчун тилисм, ба соҳибаш устуворй, имон ва неру мебахшад.

Беҷода дар Помир ва дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон ва Қаромазор дар таркиби ҷинсҳои магмавй-гранитҳо ва рагҳои бо онҳо алоқаманд-пегматит, аплит ва ҷинсҳои метасоматй (скарнҳо) ва метаморфй (гнейсу варақсангҳои кристаллй) вомехӯрад. Беҷоди ҷавоҳирй дар таркиби регу шағалҳои мавзеи Кукурти Помири Ғарбй дарёфт шудааст.

Доначаҳои беҷода сурхи гулобй (алмандин) то 10-12 мм андоза дорад. Ин пошхӯрдаҳои беҷода дар натиҷаи харобшавии ҷинсҳои метаморфии қадим–архею протерозой, ба вуҷуд омадаанд. Ҳамин хел беҷодаҳо дар мавзеи Сӯхтаи назди Искандаркӯл низ ёфт шудаанд. Беҷодаи Тоҷикистон ҳамчун санги ҷавоҳирй дар солҳои наздик шӯҳрат пайдо хоҳад кард.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту