Субҳи имрӯз кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милии имлҳои Тоҷикистон гирди ҳам омаданд, то бори дигар гирду атрофи бинои коргоҳи худро поку озода созанд.
Маъмулан шохҳаҳои баъзе дарахтонро дар тирамоҳ мебуранд ва онҳоро ба сабзиши баҳорӣ аз ҳамин фасл омода месозанд. Кормандони Институт низ имрӯз бархе ба ҳамин кор даст заданд. Онҳо он шохаи дарахтонро буриданд, ки манзараи боғро нозебо мекарданд ва ҳам дар оянда метавонистанд сабабгори нумуи сусти дарахт шаванд.
Ҳамчунин лозим омад чун шанбеҳои гузашта алафҳои хушкидаро ҷамъоварӣ кунанд ва боғро тоза намоянд.
Ҷӯйборҳоро ҳам тоза карданд, бехи дарахтонро низ.
Бонувон дар даст ҷорӯб ҳамлии Институтро рӯфтанду аз ҳар гуна баргҳои хазону хасу хошоки бодоварда пок карданд.