preloader

интизор шавед...

Шарҳи баъзе истилоҳоти оташфишонӣ (вулканӣ). Идома

  • 09-ноя-2024
  • 71 дидани саҳифа

БАЗАЛТ (анг. Вasalt)- як санги сахт ва сиёҳу донарези оташфишонӣ аст. Асосан аз плагиоклаз (лабрадор) иборат буда, ба миқдори кам авгит, оливин, магнетит, илменит дорад. Базалти пурра кристаллбастаро долерит мегӯянд. Гудохтаи базалтӣ аз тарқишҳои бузурги тектоникӣ ба рӯйи замин рехта, майдонҳои хеле васеъ (садҳо ва ҳазорҳо км2)-ро фаро мегирад, ки онро пуштакӯҳи базалтӣ – трапп меноманд. Базалти сардшудаи кафида шакли сутунҳои панҷ ё шашпаҳлуро мегирад. Базалт вобаста ба таркиби кимиёӣ тасниф карда мешавад. Аз вулканҳои ҳозира ҳам базалти гудохта ҷорӣ мегардад (Русия, ҷазираҳои Гавай, Исландия ва ғайра). Базалт масолеҳи хуби бинокорӣ буда, аз гудохтаи он изолятори барқӣ, асбобҳои кимиёии ба кислота тобовар ва ғайра тайёр мекунанд.  

 

НАВЪИ ПЕЛЕЙСӢ - номи ин аз вулқони Монтан-Пеле ва Мон-Пелест, ки дар қисмати шимолии ҷазираи Мартиника ҷойгир шудааст. Баландии он 1397 метр, қутраш 15 км. Дар фаввораи азими он дар соли 1902 шаҳри Сан-Пейер бо 40 00 сокинонаш пурра аз байн рафт. Солҳои 1929—1932 ин вулқон бори дигар фаъол шуд ва як гунбази нав пайдо гардид. Ба ин монанд вулқон 30-уми марти соли 1956 дар Камчатка рух дод, ки қуллаи оташфишони Безимяннийро пурра хароб намуд. Хокистари он то 40 километр доман паҳн кард, гудозаҳои он ба атроф партоб шуданд.


НАВЪИ ГАЗӢ он аст, ки шикастапораҳои сахту чӯбӣ аз қаър пош дода мешавад ва дар ин ҳол магмаи нав оташ намегирад, фаввора намезанад ва он ё ба газҳои магмаӣ ва ё обҳои аз ҳад гармшудаи зеризаминӣ алоқаманд мебошад. Ин гуна фаввораҳои оташфишонӣ маъмулан камқудратанд, вале таърих нерумандтарини онҳоро низ ёд дорад. Яке аз онҳо вулқони Тол (оташфишони печида воқеъ дар ҷазираи Лусони Филиппин) дар соли 1965 ва дуюмӣ вулқони СУФРИЁР - дар ҷазираи Бас-Тер (баҳри Кариб) мебошанд.


Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту