Заминларзаи Алеппо, Сурия, соли 1138
Яке аз пурқудраттарин заминларзае буд, ки таърихи башар медонад. Замин ба қувваи 8 балл тибқи ҷадвали Рихтер такон хӯрд ва шумори қурбониёнашро бештар аз 230 000 медонанд. Ин заминларза ба такрор рух дод ва қаламрави имрӯзаи Сурияи Шимолӣ, баъдан Эрон ва Озарбойҷонро фаро гирифт. Нуқтаи ниҳоии он зилзилаи Ҳалаб буд, ки рӯзи 11-уми октябри соли 1138 сурат гирифт. Заминларзаи Алеппо ба ҳадде мудҳишу серқурбонӣ буд, ки аҳолии он танҳо дар аввали асри 19 ба шумори он солҳо баробар шуд.
Заминларзаи Ганҷа дар соли 1139
Яке аз бузургтарин зилзилаҳо дар таърихи инсоният аст, ки дар солномаву таърихномаҳо аз он зиёд ёд шудааст. 30 сентябри соли 1139 дар наздикии шаҳри Ганҷа (ҳоло қаламрави Озарбойҷон) замин 11 балл такон хӯрд. Дар фоҷеа 230 ҳазор нафар қурбон шуданд. Кӯҳи Капаз42 фурӯ рехт ва маҷрои дарё Оқсуро баст. Дар натиҷа ҳашт кӯл пайдо шуд, ки яке аз онҳо кӯли Гӯйгул мебошад. Ин кӯл дар айни замон дар қаламрави мамнуъгоҳи ҳамноми он қарор дорад. Ин замонларза аз ҷумла панҷ калонтарин зилзилаҳоест, ки одамони бештарро куштааст.
Заминларзаи Миср, соли 1201
Ин зилзила чун харобиовартарин заминларзаи олам дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст. Бино ба гузориши солноманависон шумори ҳалокшудагони он 1 миллиону 100 ҳазор нафар буд. Аммо таҳлилгарон баъди омӯзиши асноди расида ба хулоса омадаанд, ки ба муайян кардани шумори ҳолокшудагон муарррихону воқеъанигорон ба иғроқ роҳ додаву шумори қурбониёнро зиёд навиштаанд. Вале он ки аз ҳар нигоҳ ин фоҷеаи башарӣ хеле бузург буд, метавон гуфт, ки аз харобкортарин зилзилаҳои олам ба ҳисоб меравад. Ин фоҷеаи мудҳиш рушди минтақаро даҳсолаҳо ақиб андохт.
Таҳияи Б.Шафеъ