15-уми ноябри соли 2024 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо ташаббуси роҳбарият ва Шӯрои олимони ҷавони Институт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар пешрафти мамлакат” мизи гирд баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институт Шоҳнавоз Файзуллоев ҳусни оғоз бахшид. Вай гуфт Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сарнавиштсоз меноманд. 32 сол пеш дар чунин рӯзе дар шаҳри бостонии Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омаданд, то бо барпоии Иҷлосияи навбатӣ ба ҷанги дохилӣ хотима диҳанд. Ин замоне буд, ки як бахши азими кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадаст ба хоку хун кашида мешуд. Ҳама талошҳои ба сулҳ кашондани ин ҷангу хунрезиҳо ба нокомӣ меанҷомид. Ҳоло лозим меомад даст ба иқдоми қотеъ зада шавад, то оташи ҷанг хомӯш шавад, сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ фаъол шаванд, сохти конститутсионӣ барқарор ва Истиқлоли давлатӣ ҳифз карда шавад.
Иҷлосия билохира баъди баҳсу кашмакашҳо сарвари давлатро интихоб кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-сарвари ҷавон, вале кӯшову ҷасур сарварии Тоҷикистони ҷангзадаро дар ин марҳилаи таърихӣ бар душ гирифт. Шуҷоати бемисол, ҷасорате, ки дар саҳифаи таърихи миллат монд.
Шоҳнавоз Файзуллоев афзуд, ки инак аз он рӯз 32 сол сипарӣ шуд. Тоҷикистони имрӯз бо Тоҷикистони 32 сол пеш аслан қиёсшаванда нест. Аммо расидан ба ин рӯз ҳам осон набуд. Аввал хомӯш кардани ҷанг, сулҳ бо мухолифон, ташкили сохторҳои давлатӣ, таъмини мардум бо ғизо ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳои солҳои нахуст буд. Он талошҳо натиҷа доданд, пойдевори давлати нави соҳибистиқлол аз сол ба соли дигар устувору мустаҳкам шуд, Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ чун як кишваре, ки ҷангро хомӯшу сулҳоро пойдор кардааст, маъруф шуд.
Дар мизи гирд ходими калони илмии Институт Нуралӣ Расулов дар мавзуи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ – марҳилаи тақдирсоз, сабақи таърихӣ, кафили садсолаҳо таҳкими сулҳи давлати миллии тоҷикон” суханронӣ кард.
Вай иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-ум барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор ва заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориш худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад.
Ба андешаи нуралӣ Расулов аҳаммияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам
Дар ин ҳамоиш муҳандиси пешбари (ходими калони илмӣ) Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии Институт Шодрӯз Олимов дар мавзуи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таърихи навини тоҷикон ” маъруза кард. Вай гуфт, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Шодрӯз Олимов афзуд: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик назир надорад. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт. Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Дар хотима миёни ширкаткунандагони мизи гирд дар доираи мавзуъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.