preloader

интизор шавед...

Боз як шанбеи дигари поккориҳо дар Институт

  • 16-ноя-2024
  • 53 дидани саҳифа

Субҳи имрӯз, шанбе – 16-уми ноябр кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ чун анъанаи дерин барои роҳандозии корҳои покиву назофат ба саҳни Институт ҷамъ омаданд.

Тирамоҳ асту фасли хазонрез ва аз шабе то шанбе барои поккориҳо корҳои зиёд ёфт мешаванд. Боди шабу субҳ баргҳои хазонро зиёд парешон мекунад ва чун оғози тирамоҳ аст, дарахтон ҳам мавсими хазонрезро аз сар мегузаронанд.

Кормандон атрофи биноро аз алафҳои хушкидаву баргҳои хазон ва ҳар бодовардаи дигар тоза карданд.

 Боз ҳам бехи дарахтонро нарм карданд, аз миёни буттагулҳо баргҳои хазоншуда чиданд.

Ин анъана ҳар ҳафта идома мекунад ва барои кормандони ин Институт одат шудааст, ки ҳатман рӯзҳои шанбе чанд соатеро барои поксозии коргоҳи азизашон бахшанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту