preloader

интизор шавед...

Аҳамияти Парчам дар худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ

  • 19-ноя-2024
  • 128 дидани саҳифа

Шерзод Абдулов

ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтумони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Парчам рамзи ифтихор ва шарафи миллии ҳар як миллат мебошад, ки истиқлолият ва мавқеи онро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Он аз муҳимтарин нишонаҳои ватандӯстӣ, ваҳдат, ва ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ қайд карда мешавад. Ин рӯз муҳим аст, зеро парчам баёнгари соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар буда, ҳамчунин, ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми тоҷикро таҷассум мекунад.

Парчам рамзи ифтихор ва шарафи миллии ҳар як миллат мебошад, ки истиқлолият ва мавқеи онро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Он аз муҳимтарин нишонаҳои ватандӯстӣ, ваҳдат, ва ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ қайд карда мешавад. Ин рӯз муҳим аст, зеро парчам баёнгари соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар буда, ҳамчунин, ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми тоҷикро таҷассум мекунад.

Бо ибтикори Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид, ки ин иқдом барои боло бурдани маърифати миллӣ, худшиносии миллӣ ва қадршиносии рамзҳои давлатдорӣ хеле муҳим аст. Бинобар ин, Сарвари давлат ба Парчам ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, борҳо таъкид кардааст, ки: “Парчам яке аз муқаддасоти асосии давлатдории миллист ва он рамзи ваҳдат, якпорчагӣ, ифтихор ва истиқлолияти миллати тоҷик аст. Парчам, на танҳо нишонгари мавҷудияти давлат, балки василаи бедории ҳисси худшиносӣ ва ватанпарварӣ миёни мардум, бахусус ҷавонон мебошад”.

Парчами миллӣ як рамзи муқаддасест, ки мавҷудияти давлат, истиқлолият ва ҳуввияти миллати тоҷикро таҷассум намуда, дар муттаҳидсозии миллат нақши муассиро иҷро мекунад. Ин рамз на танҳо баёнгари мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, балки таҷассумгари ғурур, ифтихор ва якдилии халқи тоҷик мебошад. Ҷашн Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон аз қадршиносӣ ба истиқлолият ва арзишҳои миллӣ хабар медиҳад.

Парчами давлатии Тоҷикистон се ранг дорад: сурх, сафед ва сабз, ки ҳар яке маънои амиқ ва рамзи махсусро дар бар мегирад:

Ранги сурх — рамзи мубориза ва ҷасорати халқи тоҷик аст. Ин ранг нишонгари таърихи мардуми тоҷик ва ҷоннисорӣ дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад. Он ҳамчунин рамзи сарбаландӣ ва диловарии миллат аст.

Ранги сафед — ин рамзи покӣ, садоқат ва некист, ки ба фарҳанг ва суннатҳои маънавии тоҷикон ишора мекунад. Он ҳамчунин рамзи барфҳои қуллаҳои сарбаланди Тоҷикистон, ки нишонгари сарватҳои обии кишвар аст.

Ранги сабз — ин рамзи ҳосилхезӣ, табиати зебо ва неъматҳои фаровони табиии Тоҷикистон аст. Сабз рамзи ҳаёт, шукуфоӣ ва навсозӣ аст, ки ояндаи кишвар ва рушди онро таҷассум мекунад.

Дар мобайни парчам, рамзи тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон, яъне соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии миллат мебошад. Ҳафт ситора ба шакли нимдоира дар болои тоҷ ҷойгир буда, ба унсурҳои фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик ишора мекунанд. Маънои адади ҳафт дар фарҳанги тоҷикон ба хушбахтӣ ва баракати миллат рабт дорад. Ин нишонаҳо ифодагари орзу ва умеди миллати тоҷик барои ояндаи обод, ҳаёти ором ва саодатмандонаанд.

Аҳамияти парчам дар худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ:

Парчам на танҳо рамзи расмии давлат, балки василаи ваҳдат ва сарҷамъии мардум аст. Дар давоми солҳои истиқлолият, парчам ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва муқаддасоти ҳар як тоҷик арзи ҳастӣ кард ва ҷавононро ба эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ҳидоят мекунад. Дар ин рӯзи ид, мардуми Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ба парчам, онро дар шаҳру деҳот баланд мебардоранд ва хотирнишон месозанд, ки парчам рамзи азму ирода, муттаҳидӣ ва ҳамраъйии миллӣ мебошад.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намудааст, ки парчам бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ифтихор ва ваҳдатро бедор кунад ва ҷавононро ба эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намояд. Ба ибораи дигар, парчам ифодагари таърихи пуршарафи халқи тоҷик ва рамзи озодӣ, истиқлолият ва шукуфоии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аст. Ӯ парчамро ҳамчун нишони ормонҳои миллии тоҷикон меҳисобад ва онро рамзи дастовардҳои бузурги истиқлолият мешуморад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун як рамзи қавии истиқлолият, ифтихори миллӣ ва орзуи ояндаи дурахшон дар қалби ҳар як тоҷик ҷой гирифтааст ва ҳамчун сарчашмаи ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстӣ шинохта мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки Парчам на танҳо нишонаи истиқлолият, балки нишонгари ваҳдати миллати тоҷик, ватандӯстӣ ва ваҳдати ҳамаи фарзандони миллат дар саросари ҷаҳон мебошад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту