preloader

интизор шавед...

Шарҳи баъзе истилоҳоти оташфишонӣ (вулканӣ)

  • 17-ноя-2024
  • 94 дидани саҳифа

НАВЪИ ЗЕРИЯХӢ. Тавре аз номаш ҳам пайдост, ба вулқонҳое гуфта мешавад, ки дар зери яхҳо ва пиряхҳо қарор дорад. Хатари ин фаввораҳо бештар дар шакл гирифтани обхезиҳо, гилрӯдҳо ва гудозаи болишӣ (анг. Pillow lava‎) аст ва гузаштаи таърихи башар ин гуна ҳодисаҳоро зиёд дар хотир дорад.

Фаввораҳои исландӣ, фаваронҳои ҷараёнҳои хокистар ва тарканда аз ҷумлаи навъҳои дигари оташфишонӣ мебошанд.  

ЛОҲОР Ё ГИЛРУД ЧИСТ? Истилоҳи англисии он Lahar‎ аст. Дар луғатҳои тоҷикӣ пайдо нашуд. Донишномаи озоди форсӣ шарҳи басо кутоҳе дорад, ки боз ҳам фишурдатари он ин аст: Навъе аз ҷараёни гилӣ аст, ки аз тарики лойобаҳо, сангу регу шағал ва об падид меоянд. Маъмулан маводи ташкилдиҳандаи лоҳор аз даҳонаи оташфишон ва дар имтидоди дараи рудхона ба поин ҷорӣ мешавад. Лоҳор метавонад хеле босуръати даҳҳо метр дар як сония ва бо умқи 140-метрӣ ҷараён ёбад ва ҳар чизе дар сари роҳаш ҳаст, нобуд созад.

 ГУДОЗАИ БОЛИШТӢ. Англисии Pillow lava-ба гудозаҳое гуфта мешавад, ки дорои сохтори шабеҳ ба шакли болишт буда, бар асари хуруҷи гудоза дар зери об ташкил мешаванд. Гудозаҳои болиштӣ дар сангҳои оташфишонӣ бо пайдарпайии нозук тӯдаҳое ба шакли болишт медароянд, ки маъмулан  қутри онҳо то як метр мерасад. Ин гудозаҳо қабати дуюми қишри уқёнусҳоро ташкил медиҳанд. Гудозаҳои болиштӣ маъмулан дорои таркибҳои базалтӣ ҳастанд, гарчӣ навъҳое аз гудозаҳо бо таркиби сангҳои маъдан, андезит, дасит ё досит (анг. Dacite - навъи санги озарини оташфишонӣ аст). Гудозаҳои болиштӣ замоне падидор мешаванд, ки  гудоза дар зери об аз замин хориҷ мешавад, монанди имтидоди нуқтаи гарми дарёӣ дар камарбандҳои оташфишонӣ. 

ОТАШФИШОНИ СИПАРӢ (анг. Shield volcano) – яке аз навъҳои оташфишон аст. Дар ин навъи оташфишон магма аз як нуқта хориҷ мешавад ва ба шакли конусӣ паҳн мегардад. Дар ин навъи оташфишон магма аз як нуқта хориҷ мешавад.

 

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту