preloader

интизор шавед...

Баъзе хусусиятҳои ҷойгиршавӣ ва реҷаи пиряхҳои Помири шарқӣ

  • 27-ноя-2024
  • 62 дидани саҳифа

НишонаҳооидбапиряхшавиикуҳандарҳудудиПомиришарқӣбанамуди кӯлҳои ҳосилшуда аз пиряхҳо ва моренаҳо то ба имрӯзбоқӣмондаанд. Даринхусус, олимонизиёдумуҳаққиқон Л.И. Наливкин, Н.Л. Коржинский, В.И. Попов, Р.Д. Забиров, А.К. Трофимов ва чанде дигарон хело таҳқиқотиназаррасробасомонрасонидаанд.

     Таҳқиқотҳои мо ва зумраи дигар муҳаққиқон оид ба таҳқиқи пиряхҳо ва равандҳои моренаҳосилшавӣ асосан дар се пирях гузаронида шуданд.  Дар пиряхи анбӯҳи Дункелдикиболоӣ (қисматиҷанубииқаторкӯҳҳоиСарикул), дар пиряхи Агаҷонҷилга(қисматиҷанубииқаторкӯҳиАличур) ва Подкова (қаторкӯҳи Вахон).

     Пиряхи Дункелдики болоӣ дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Сарикул, ки марзи Тоҷикистонро бо давлати Чин аз ҳам ҷудо мекунад, ҷойгир аст. Қайди баландии мутлақи он аз 5100 м боло буда, қайди пасттарини пирях дар баландии 4000 м аз сатҳи баҳр мавқеъ дорад. Дарозии умумии пирях 1.5 -2.0 км буда, баландии хати фирнии пирях 4890 м аст. Аз лиҳози морфологӣ пиряхи мазкур ба гурӯҳи пиряхҳои оддии баландкӯҳӣ тааллуқ дорад.

Пиряхи Агаҷонҷилга низ аз рӯйи андозаву мавқеъи ҷойгиршавиаш ба пиряхи Дункелдики болоӣ сахт шабеҳият дорад.

    Пиряхи Подкова дар қисмати нишебии шимолии қаторкӯҳи Вахон дар болооби дарёи Қараҷилга ҷойгир аст. Қайди мутлақи интиҳоёбии забонаи пирях 4600 м аст. Тӯли умумии пирях наздик ба 2 км буда, масоҳати ишғолнамудаи он 1.5 км2-ро ташкил медиҳад. Паҳноии пирях 650-800 м аст. Ин пирях низ мисли пиряхи Дункелдики болоӣ ба гурӯҳи пиряхҳои сода дохил мешавад. 

Бо мақсади баҳодиҳии ҳаҷми таҳшониҳои муосири моренавӣ гузаронидани харитакашии маводи моренавӣ ва чен намудани ғафсии қабати моренавӣ гузаронида шудаанд.

Ин амал ба хотири он гузаронида шудааст, ки хусусиятҳои тақсимоти моренаҳои сатҳӣ дар пиряхҳоро омӯзем. Фаҳмиши пурраро дар ин хусус маводи ғунгардидаи моренавӣ дастрас мекунад.

 Ҳаминро бояд зикр намуд, ки мавҷуд набудани пиряхҳои бузург дар ин қисмати Помир ба он оварда мерасонад, ки вазни масоҳатии пиряхҳои хурд афзун мегарданд ва аз ин рӯ, бе гуфтугӯ, реҷаи пиряхҳо омили муайянкунанда дар илми пиряхшиносии минтақаи мазкур мегардад.

Пиряхҳои Помири шарқӣ асосан дар баландиҳои аз 4200 то 5800 м –мавқеъ гирифтаанд. Дар ин миён, марзи поёнии пиряхшавӣ дар минтақаҳои мазкур баландии максималиро дар тамоми ҳудуди Помир, ғайр аз ҳавзаҳои кулҳои Қарокул ва Маркансу ишғол мекунанд.  

Баландии миёнаи интиҳоёбии пиряхҳо анқариб 4850 м – ро ташкил медиҳанд, Сарҳади болоии пиряхшавӣ ба ҳисоби миёна 5280 м аст. Пиряхшавӣ асосан дар ҳудуди баландиҳои 5000-5100 м рух медиҳанд, ки он ҷо яхҳо қариб 45 км2 ва ё худ, 18% масоҳати пиряхҳоро ишғол кардаанд (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1

Тавсифи баландинокии пиряхҳо

Миёни ин пиряхҳо аз ҳама поён пиряхҳои ҳавзаи кӯли Зоркул ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо, аз ҳама баланд интиҳоёбии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Гурумди ба мушоҳида расидааст, ки ин ҳолат пеш аз ҳама аз андозаи пиряхҳо вобастагӣ дорад. Яъне, баландии миёнаи нуқтаҳои болоии пиряхҳои ин ҳавзаҳо он қадар фарқкунанда нестанд. Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Истик ва Оқсу ба ҳисоби миёна дар як сатҳи баландӣ интиҳо меёбанд ва чанд масофа болотар марзи поёнии пиряхшавӣ дар ҳавзаи дарёи Акбайтал ҷоййгир шудаанд (ҷадвали 2).

Дар айни замон қонунияте мушоҳида карда мешавад, ки ҳаҷми умумии пи ряхҳои кӯҳӣ коҳиш ёфта, аз ҳисоби рӯйпӯш шудани қисмҳои пиряхҳои вайроншуда массивҳои яхҳои зери хоку моренаҳо монда. То андозае зиёдмешаванд [4].

Ҷадвали 2

Баландии хати фирнавӣ

Ҳудуди амудии пиряхшавӣ дар Помири шарқӣ он қадар бузург нест ва ба ҳисоби миёна наздик ба 450 м –ро ташкил медиҳанд. Дар ҳавзаи кӯли Зоркӯл ин нишондод то ба 650 м мерасад.

Мутобиқи таҳлилҳои олимон ва факту далелҳои дар дастдоштаи мо сатҳи максималии коҳиши пиряхҳо дар даҳсолаи охир (асри 20) баръало ба назар мерасад. Ин таҳлилу натиҷагириҳои олимон дар кишвари мо низ ба мушоҳида мерасад.

Бо вуҷуди оне, ки мо аз адабиётҳои нашршудаву дар бойгонӣ маҳфузбуда оид ба иқлими ин минтақа истифода намудем, масъалаҳое чун хусусиятҳои ҳавои атмосферӣ, ки дар минтақа ҳукмфармост, таъсироти ҳудуди мавҷуда ба иқлими маҳал, аҳамияти релйеф дар пайдошавии иқлим ва дигар масоил то ба имрӯз муаммоҳоеро пеш меорад.  Ҳалли ин ва дигар масоили минтақа дар самти метеорологӣ – омӯзиши иқлими мавзеъҳои баландкӯҳӣ ва қитъаҳои обтақсимшавӣ  барои мо норӯшан боқӣ монданд.

Ф.Г. Ғафуров, мудири лабораторияи

институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣтобоварвасейсмологияиАМИТ, доктори илмҳоигеологияваминералогия.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту