preloader

интизор шавед...

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз натифаи фаъолияти яксолаи худ ҳисобот дод

  • 27-ноя-2024
  • 57 дидани саҳифа

26-уми ноябри соли 2024 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласа доир шуд ва дар он Директори Институт Пӯлод Аминзода аз натиҷаи таҳқиқоту пажӯҳишҳои олимону кормандони ин боргоҳи илм ҳисобот дод.

Пӯлод Аминзода иброз дошт, ки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз ҳафт воҳидҳои илмӣ-тадқиқотӣ (лабораторияҳо), се воҳиди илмӣ-истеҳсолӣ (гурӯҳҳо ва шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ) ва ҳайати ёрирасон иборат мебошад. Шумори кормандони унвони илмидор 25 нафаранд, ки аз онҳо 6 нафар докторони илм, 18 нафар номзадҳои илм ва 1 нафар доктори Habilitat мебошад. 

Дар айни замон Институт гузаронидани таҳқиқотҳоро аз рӯи ҳафт мавзуи илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузоришаванда идома медиҳад.

Яке аз ин мавзуъҳои таҳқиқотӣ «Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Помир)» мебошад, ки солҳои иҷрои он  2021-2025 таъин шудааст. Лоиҳа аз ҷониби узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор А.Р. Файзиев роҳбарӣ мешавад. Дар доираи мавзуъ корҳои зерин анҷом шудаанд:

 - муайян карда шудааст, ки дар майдонҳои маъдании Помири Шарқӣ аз 79 маҳак файзнокии антимонит дар 14 маҳак аз 5 то 80%, сиркон дар 8 маҳак аз 5 то 20%, пирит дар 14 маҳак аз як аломат то 40%, барит дар 6 маҳак аз 5 то 60%, тилло дар 5 маҳак аз 1 то 24 аломат ва дар маҳакҳои алоҳида ба миқдори кам апатит, флюорит ва рутил вуҷуд дорад;

- бо истифодаи ташхиси спектралӣ, ки дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ аз 100 маҳаки ҷўякӣ файзнокии сурма аз 0,001 то 0,1%, сурб аз 0,001 то 0,01%, қалъагӣ 0,001%, мис аз 0,001 то 0,05%, нуқра аз аломат то 0,0005%, марги муш 0,001 %, волфрам аз 0,001 то 0,03%, ва руҳ аз 0,005 то 0,03%, бо ташхиси пробирӣ аз 41 маҳак файзнокии тилло аз 0,05 то 0,20 г/т ва нуқра аз 0,98 то 5,69 г/т мавҷуд аст;

- хусусиятҳои паҳншавии элементҳои литофилӣ (Li,Nb,Ta,W,Sn) дар пегматитҳои майдони маъдании Тохтамиш (Помири Шарқӣ) омӯхта шуданд;

- муайян карда шуд, ки дар пегматитҳои майдони маъдании Тохтамиш (Помири Шарқӣ) ба ғайр аз манганотанталит - MnTa2O6, лепидолит - (К Li1,56 Al1,3 Al0,51 Si3,49O10 F2), сподумен - (LiAlSi2O6), касситерит - (SnO2), минерали хеле нодир – монтебразит LiAlPO4(OH) вомехӯрад.

 - дар гранит-пегматити майдони маъдании Шохдара (Придорожный) минерали хризоберилл кашф ва омӯхта шуд. Ин кафши дуюми минерали мазкур дар пегматитҳои Помир мебошад.

- муайян карда шуд, ки тағйирёбии элементҳо дар ҷинсҳои кӯҳии кайнозой Помир асосан ба кристаллизатсияи фраксионии шпати саҳроии калийдор ва плагиоклаз бо биотит аз маҳлули тағйирёбандаи фраксияшуда ва ҷамъшавии шпати саҳроии пештар кристаллшуда, ҳангоми баландшавии магма вобаста аст.

- натиҷаи омӯзиши сирконҳо дар ҷинсҳои мафитии дайкаҳои Рӯшон ва диоритҳои Бартанг бо усули U–Pb нишон доданд, ки онҳо нисбати диорит-гранодиоритҳои Хоруғ (77–76 млн.) дар як вақт (67–66 млн.) ба вуҷуд омаданд. Ҳамзамон, дайкаҳои мафитии Рӯшон дорои миқдори ками SiO2 (46,6–54,5 мас.%), зиёд MgO (4,3–7,6 мас.%), ишқордории умумӣ (K2O + Na2O = 5,1–7,6 мас.%) ва миқдори зиёди элементҳои литофилӣ мебошанд.

Дар доираи лоиҳа, маълумотҳои пешниҳодшуда аз он далолат мекунанд, ки натиҷаҳои гирифташудаи имсола ба натиҷаҳои соли гузашта баробаранд. Аз 9 мақолаи дар доираи лоиҳа чопшуда, 4 мақола сатҳи байналмилалӣ (Scopus), 1-ИДМ (РИНЦ), 4-ҷумҳуриявӣ мебошад.

Пӯлод Аминзода ҳамчунин дар мавзуи дигар: «Паҳншавӣ ва бӯҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон ва иқтидори стратиграфии онҳо» сухан ронд, ки онро доктори илмҳои геология ва минералогия Н.К. Оспанова роҳбарӣ мекунад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар ин муддат дар доираи таҳлили натиҷаҳои мавзуъ тағйирёбии давравии иқлим ва хосиятҳои офатҳое, ки ядрои замин гармшавии дарозмуддатро на танҳо дар силсилаи давраҳои 12 ҳазорсола таҳқиқ шуд.

- умумӣ будани зуҳуроти бетарафӣ ва нақши он дар раванди таҳаввулот нишон дода шуд; мураттабсозии қатъии илмии истилоҳи «бетарафӣ» онро ба категорияи мафхумҳои бунёдӣ мегузаронад.

 Сарвари Институт ҳамчунин мулоҳизаҳои худро атрофи мавзуъҳои  «Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳан ва тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон», ки иҷрокунандаи роҳбари илмӣ доктори илмҳои геология ва минералогия Ф.Г. Ғафуров мебошад, «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» (роҳбар узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷ.Н. Низомов),  «Баҳодиҳии ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунӣ ва филтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои техникӣ Ё.Х. Ядгоров),  Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳбари илмӣ доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов), муфассал суханронӣ кард ва бурду бохти таҳқиқот атрофи ҳар мавзуъро таҳлил намуд.

Як бахши дигари ҳисоботи директор Институти геолоия, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар мавриди экспедитсияҳои геологӣ-саҳроӣ, таҳқиқотҳои муҳандисӣ-сейсмометрӣ ва сейсмологӣ буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки соли ҷорӣ мувофиқи "Нақшаи корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ” ва нақшаи пешакии таҳрезишудаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ бо Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ, Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ ва дигар экспедитсияҳо корҳои саҳроӣ-геологии муштарак дар бахши ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, ҳамроҳ бо Институтҳо ва марказҳои илмии ҶМЧ дар асоси шартномаю созишномаҳо корҳои экспедитсионӣ-геологӣ роҳандозӣ шуданд.

Аз он ҷумла, кормандони муассиса дар ҳамкорӣ бо кормандони КВДҶ “Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ дар мавзеи Гапиров (Ёсуман)-и қаторкӯҳҳои Туркистону Олой дар омӯзиши чанд танаи пайдоишҳои карбонатитӣ, ки чун манбаи унсурҳои нодиру камёфт шинохта шудаанд, иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ноиби презиенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон Амонзода Илҳом Темур ширкат ва суханронӣ намуд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту