preloader

интизор шавед...

Дастовардҳои соҳаи геология ва саҳми он дар рушди иқтисодиёти миллӣ

  • 05-дек-2024
  • 116 дидани саҳифа

Аз охирҳои ҳазорсолаи 4-уми то милод сар карда тоҷикон,  дар Саразми бостонии шаҳри Панҷакент марказҳои бузурги истеҳсолкунандаи филиз ба ҳисоб мерафт. Ин боигариҳо дар кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз маъданҳои мис, нуқра, қўрғошим, қалъагӣ ва ғайра бой буданд, мусоидат намудааст. Дар вақти ҷустуҷӯҳои археологӣ аз ин ҷо асбобҳои маъдангудозӣ ва қолабҳо барои рехтани мӯҳр, олотҳои кишоварзӣ ва силоҳ барои шикорчиҳо дарёфт шудааст.

Хотиррасон бояд намоям, ки 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин ба рушди соҳаҳои кӯҳкорию металлургия мусоидат менамояд. Кӯҳкорӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки аксар ҷавононро водор месозад, то дар роҳи омӯзиши он шавқи зиёд дошта бошанд. Ин соҳа хеле шавқовар буда, дар аксари мамлакатҳои олам ҳамчун шуғли дӯстдоштанӣ ҳисобида мешавад.

Дар 33 соли соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ташкил карда шуд ва рӯ ба қуллаҳои баланд дорад. Дар ин вақт Тоҷикистон  истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ғайраҳо ба роҳ монд.

Дастовардҳои соҳаи геология ва саҳми он дар рушди иқтисодиёти миллӣ назаррас мебошад. Баъд аз вохӯри бо олимон  ва кормандони соҳаи геология  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомали Раҳмон шурӯъ аз соли 2011 санаи 9-уми декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи геологҳои тоҷик” таҷлил карда мешавад. Ин барои бо кор таъмин намудани мардуми кишвар ва инҷуни ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон, ки Саноатикунонии бо суръати кишвар равона карда шуда истодааст, мебошад. Барои боло рафтани иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаи худро мегузорад.

Дар мавриди рушди илмӣ геология ва манфиати он барои ҷомеа, имконияти мавҷудаи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин гуфта буданд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Бо вуҷуди ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад».

Илми геология дар замонҳои қадим низ дар сарзамини тоҷикон шуҳрат дошт ва олимони бузурги мо дар ин хусус ба ин соҳа асарҳои зиёде офаридаанд, аммо суоле ба миён меояд, ки оё насли ҷавони ҷумҳурӣ аз ин маълумот огоҳӣ доранд?

Ҷавонони кишварамон медонанд, ки гузаштагони мо аз замонҳои қадим ба иктишоф, ҷустуҷӯ ва гудозиши маъдан ва истихроҷ машғул буданд.

Воқеан ҳам адабиёти зиёде мавҷуд ҳаст, ки ҳамчун илм ва тахассус мавҷуд будани  геология дар кишвари мо тоҷикон далел шуда метавонанд.

Маъданшиносону кӯҳкорони тоҷик соҳиби маҳорати бойи чандасра буданд. Асосгузорони илми минералогия, донишмандони маъруф ба монанди Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ буданд. Олимони барҷастаи тоҷик хосияти минералҳоро омӯхта, сахтӣ, зичӣ, таркиб ва минералҳои ҳамроҳи онҳоро тавзеҳ додаанд.

Минерал ин кандании фоиданоке ба шумор меравад, ки он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ороиш, техникаву тиб васеъ истифода мешавад. То ба имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 5000 (5336) намуди минералҳо муйян карда шуданд. Ҳамасола комиссия роҷеъ ба минералҳои  нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд.

Олимони геологияи кишварамон то имрӯз беш аз 30 минералӣ нодири навро пайдо намудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо «Тоҷикит», «Сурхобит», «Тиёншонит», «Баротовит», «Дӯсматовит», «Дараипиёзит», «Файзиевит» ва «Ғармит» мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2018 Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон дар як мусоҳибаашон ба рӯзноманигорони АМИТ «Ховар» зикр намуда буданд, ки минералӣ «Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5» дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб аз ҷониби муҳаққиқон Л.А. Паутов, М.А.Мираков, О.И.Сидра, Е.В. Назарчук, А.Р. Файзиев ва В.Я. Карпенко кашф шудааст.

Минерали «Бадахшонит (Y)  — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)» дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби олимони тоҷик ва Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани Академияи илмҳои Русия дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар километри 45-уми шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ (пегматити Дорожний) аз ҷониби Л.А. Паутов, М.А.Мираков, К.А.Фернандо, Е.Соколова, С.Х.Франк, М.А. Шодибеков ва В.Я. Карпенко кашф шудааст.  Минералҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ шудаанд.

Дар ҷиҳати конҳо ва минералҳои он, тасниф ва гурӯҳбандии онҳо асарҳо нашр намуда буданд, ки бо омӯхтани онҳо бузургони мо дар шароити вазнини пешин фаровонии минералҳоеро кашф намудаанд, ки имрӯз геологҳо ба онҳо баҳои баланд дода, дар зоҳир ва коркарди онҳо ангушти ҳайрат мегазанд. Олимони гузаштаи мо якчанд минералҳоро худ ёфта, номгузорӣ намудаанд, ки «заргун» яке аз онҳо аст он ҳоло бо номи «сиркон» машҳур аст, ки заминатарин минерал барои муайянкунии синну соли геологӣ ба ҳисоб меравад.

  Шоирони мо дар васфи сангҳои қиматбаҳо шеърҳои пур мазмуне навиштааанд. Номҳои ақиқ, лаъли Бадахшон, ёқут, марворид, фирӯза, лоҷувард ва ғайра шоҳбайтҳои зиёдеро мазмуни нав бахшидаанд. Мо ҳазорон байти ноб дорем, ки шуаро қаҳрамони лирикии худро ба он ташбеҳ додаанд.

 Максим Литвинов менависад, ки тоҷикон сангҳои сунъӣ сохтанро хеле барвақт омӯхта буданд, дар ҳоле, ки ин ҳунар дар Аврупо фақат дар асри ХIХ пайдо шудааст.

Барои насли ҷавони тоҷик имрӯз фақат зарур аст, ки бо захира намудани илмҳои замони худ ва истифода аз маҳорат пайдо кардани иттилоотӣ геологӣ дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистони азизамон саҳм гузоранд. Имрӯз шуғли геология яке аз серхаридортарин буда, маоши геологҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат хеле баланд арзёбӣ мегардад. Чунки маҳз геологҳо дар шароити гуногун  фаъолият намуда, на ба сардӣ нигоҳ менамоянду на ба гармӣ, фақат барои пешрафт ва натиҷаи мусбат гирифтан амал мекунанд. Геологҳо ояндаи замин, рафти табақаҳоро пешгӯӣ намуда, барои садсолаҳо лоиҳаи илмии соҳаро тарҳрези мекунанд, ки ин ба мавҷудияти башарият ва барномасозии он мусоидат менамояд. Ошкор намудани макон канданиҳои фоиданок, маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва умумияти зиёде, ки ба заминшиносӣ ва замин алоқамандии қавӣ доранд ба натиҷаи кори илмии геологҳо сурат мегирад.

Илмӣ геология ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоб намудани захираи канданиҳои фоиданок, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии захираи канданиҳои фоиданок ва васеъ ҷорӣ кардани чунин барномаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бори аввал ин истифода аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) аз ҷониби корхонаҳои азимӣ истихроҷи маъдан барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок мебошад.

Олимон ва кормандони соҳаи геологияи тоҷик соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» баргузор намуданд.

Соли ҷорӣ “Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024” аз 18 то 22-юми сентябр гузаронида шуд, ки ин ифтихори мо кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мебошад.

Мо аз он меболем, ки аз сол ба соли дигар илми геология дар кишвари мо рушд мекунад, тарҳҳои мухталифи ҷустуҷӯи конҳои нав, истихроҷи маъданҳои ҷадид тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор мегиранд.

Геологҳои тоҷик пайваста мекӯшанд ҳамқадами замон бошанд, бо комёбиҳои нави техника мусаллат шаванд ва дар рушди кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд.

Бо истифода аз фурсат кулли ҳамкасбон – геологҳои кишварро ба ҷашнашон муборакбод мекунам!

 

Ш.А.Олимов, ходими калони илмии

Шабакаи мониторинги

сейсмикию геофизикӣ.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту