Бахшида ба 9-декабр рӯзи “Иди касбии геологҳо”
Аминзода П., Гадоев М.Л., Давлатов Ф.С.
ҶумҳурииТоҷикистон миёни кишварҳоиоламҳамчункишварикӯҳӣваофтобрӯя шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳоваконҳоиканданиифоиданокмебошад, ки ин барои амалишавии мақсади чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” саҳми назаррас мегузорад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлату Ҳукумату кишвар ба соҳаи геология зиёд шуд ва новобаста аз ҷой доштани мушкилоти соҳавӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши геология ва сарватҳои зеризаминӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Ба замми оне, ки дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтумони ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи АМИТ, институтҳои соҳавӣ, марказҳои илмию таҳқиқотии соҳаи геологияи кумитаҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои олию, донишкадаҳои кишвар дар доираи мавзуҳои буҷети корҳои илмию таҳқиқотиро анҷом дода натиҷаҳои ба дастомадаро дар истеҳсолоти имрӯза татбиқ намудаанд.
Ҳамаи ин имкониятҳо буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин минералҳои нав кашф карда шуда, бо номи олимони соҳаи геология гузошта шуданд ва ба ин васила номи онҳо дар саҳифаи таърихи соҳаи илми геологияи кишвар абадӣ сабт шудаанд. Аз ҷумлаи ин минералҳо: файзиевит, ермаковит, новиковит, крейтерит, ҳасановит, искандаровит ва ғайраҳо
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 «Дарбораисамтҳоиасосиисиёсатидохилӣвахориҷииҷумҳурӣ»ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа дода шуда буд, ки «Атласиравандҳоиэкзогенӣ-геологии ҶумҳурииТоҷикистон» омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа аз ҳамаи муассисаҳои соҳавӣ «Атласи равандҳои экзогенӣ-геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 109 саҳифа таҳия карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, қарор дода шуд, ки ҳар 5 сол бинобар сабаби авҷ гирифтани равандҳои экзогенӣ-геологӣ дар ҳудудҳои кишвар ба Атлас тағйиротҳои баамаломада ворид карда шавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз рӯзҳои нахустин Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, пайваста дастуру супоришҳояшонро барои кашф ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ба мутахассисони соҳа ироа менамуданд, инчунин барои беҳтар гардидани соҳа муттасил барномаҳои давлатиро, ба монанди “Барномаи рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2007–2015”, “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020”, “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030”-дастгирӣ ва қабул намудаанд. Ин барномаҳои қабулгардида ба корҳои геологӣ тақвият бахшид ва фаъолияти кормандони соҳа бештар аз пештар пеш рафт.
Ҳамин аст, ки дар кишвар то имрӯз мувофиқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғайра коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотиро роҳандозӣ кардаанд, то ки захираҳои ҷойдоштаи кашфношуда ошкор карда шаванду конҳо мавриди коркард ва истифодабарӣ қарор гиранд.
Аз замони таъсисёбии геологияи тоҷик солҳои зиёд паси сар шуда, имрӯзҳо геологҳои тоҷик дар ин солҳои пур аз заҳматҳою талошҳо барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва пешрафти геологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузоштаанд. Бараъло маълум аст, ки дар зарфи солҳои сипаригардида дар дохили кишвари азизамон ҳазорҳо конҳо омӯхта шуда, хулосаҳои геологӣ ба мақомоти дахлдор ироа шудааст. Қисми зиёди ин конҳои канданиҳои фоиданок ба монанди конҳои тилло, нуқра, волфрам ва унсурҳои нодир ба истифода дода шудааст.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи геологияи кишвар Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шавад, то ҷавонони илмдӯсту болаёқат рисолаҳои худро бо муваффақият дар дохили ҷумҳурӣ ҳимоя намоянд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо даҳҳо номзаду докторҳои илм, ки дар солҳои Истиқлол тарбия ёфтаанд, ба нафъи Ватани худ кору фаъолият доранд. Дар соҳаи геология имкониятҳои ба дастомада нишон дод, ки дар тули 33 соли соҳибистиқлолиамон доктору номзадҳои илмро тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо дар институтҳо, марказҳо ва донишгоҳҳои олии кишвар нозукиҳои илми геологияро ба мутахасисони ҷавон ва донишҷӯён омӯзонида истодаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар Шурои диссертатсионии муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва институти геология, сохтмони ба заминҷунби тобовари АМИТ 5 доктори илм, 37 номзадони илм ва 4 нафар доктор PhD мавҷуданд ва айни замон фаъолияти пурсамар доранд.
Олимон ва мутахаситсони соҳаи геология дар конференсияҳо, конгресҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, бисёр комёбиҳои дар соҳаи геология бадастовардашударо, ки дар истеҳсолот ҷорӣ гардидаанд, баррасӣ намуда, илми геологияи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
9-декабр бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи касбии геологҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хосаи тоҷикона ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамаи ин ғамхориҳо мо кормандони соҳаро водор месозад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои саҳми арзанда гузоштан дар самти рушди геологияи кишвар камари ҳиммат бандем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи кормандони геологияи кишварро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, хонаободӣ ва дар корҳои илмию истеҳсолӣ ва эҷодиашон пешравиҳои назаррасро таманно дорем.
ИДАТОН МУБОРАК!!!