Имрӯз, 9-уми декабри соли 2024 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмалогияи АМИТ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи геологҳо баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур директори Институт Пӯлод Аминзода суханронӣ карда, ҳозиринро ба иди касбии геологҳо табрик намуд.
Директори Институт дар суханронии худ бо баршумурдани комёбиҳои назарраси олимону кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ иброз дошт, ки баъд аз вохӯри бо олимон ва кормандони соҳаи геология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон шурӯъ аз соли 2011 санаи 9-уми декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи геологҳои тоҷик” таҷлил карда мешавад.
Ҳамаи ин ғамхориҳо мо кормандони соҳаро водор месозад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои саҳми арзанда гузоштан дар самти рушди геологияи кишвар камари ҳиммат бандем.
Дар ҳамоиш геологҳои собиқадори Институт бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон дар доираи ин ҷаласаи тантанавӣ ба хотири натиҷагирии озмуни “Мақолаи беҳтарин” миёни олимони ҷавони Институт, ки бо ташаббуси Роҳбарият ва Шурои олимони Институт бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” барои соли 2024 роҳандозӣ шуда буд, семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Илмҳои табиӣ асоси рушди иқтисодиёт” баргузор гардид.
Барои арзёбӣ кардани мақолаҳо комисия дар ҳайати Каримов Ф.Ҳ., Файзиев Ф.А., Раҳимбекова М.Р. ва Негматов Т. ташкил карда шуд. Мувофиқи арзёбии ҳайъати комисия:
Ҷойи аввал насиби Ҷобиров А.А. барои мақолаи “О торите из пегматитов Оджукского поля” шуд.
Ҷойи дуюм ба Файзуллоев Ш.А. барои мақолаи “Оползневая восприимчивость территории Таджикистана” тааллуқ гирифт.
Ҷойи сеюм ба Нарзиев Ҷ.М. барои мақолаи “Влияние крутизны и кривизны склона на образование оползней в Дарвазе и Западном Памире” дода шуд.
Ғолибони Озмуни мазкур бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ аз ҷониби роҳбарияти Институт сафрароз гардонида шуданд.
Ғайр аз ин барои дигар иштирокчиёни Озмун ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.