Давлати Чин ахиран эълон кард, ки муваффақ ба кашфи як кони азими тилло дар қаламраваш шудааст, ки арзиши он метавонад бештар аз 80 миллиард доллар бошад. Ин хабар ҳам саноати истихроҷи маъдан дар худи Чин ва ҳам бозорҳои байналмилалиро шадидан такон дод. Ин ганҷинаи бебаҳо, ки дар музофоти Ҳунан1 ҷойгир аст, яке аз сердаромадтарин бозёфтҳо дар таърихи муосир дониста мешавад.
Бюрои геологии музофоти Ҳунан хабар дод, ки дар кони тиллои Вангу беш аз 1000 тонна тилло кашф шудааст, ки метавонад манзараи иқтисодии Чинро тағир диҳад ва ба ҷараёни бозори ҷаҳонии тилло таъсир расонад.
Аз чумла, дар ин мавзеъ маъдани тиллои хушсифат кашф карда шуд, ки рагаҳои он он дар умқи 2—3 километр аз сатхи замин вокеъанд. Чен Рулин, коршиноси ҷустуҷӯи Пажӯҳишгоҳи геологии Ҳонг гуфт: "Бисёре аз намунаҳои аслии пармашуда тиллои намоёнро нишон доданд". Вай ҳамчунин афзуд, ки дар маъдан тақрибан 138 грамм тилло дар як тонна мавҷуд аст, ки аз меъёрҳои муқаррарии саноат хеле баландтар аст.
Тибқи маълумоти NASDAQ2 Чин аллакай дар ҷаҳон калонтарин тавлидкунандаи тилло мебошад, ки дар як сол тақрибан 370 тонна ин маъдани гаронарзишро истеҳсол мекунад. Кони нав метавонад мавқеъи бартарии худро мустаҳкам карда, вобастагии онро аз воридот коҳиш диҳад. Бо назардошти он ки истеъмоли тилло дар се семоҳаи аввали соли 2024 ба 741 тонна мерасад, Чин метавонад ба шарофати ин кашф тавозуни тиҷоратии худро беҳтар кунад.
Кашф дар ҳолест, ки қимати тило то ҳадди аксар боло рафтааст. Дар соли 2024 нархҳо беш аз 30% боло рафта, барои як унсия 2748,23 долларро ташкил доданд. Таҳлилгарон интизор доранд, ки ин тамоюлҳо бо тақозои қавии сармоягузорӣ ва номуайянии иқтисодии ҷаҳонӣ идома хоҳанд ёфт.
Тадкикоти охирин нишон дод, ки фаъолияти сейсмикй, масалан, заминчунбй дар ташаккули конхои тилло накш дорад. Тадқиқоте, ки ба наздикӣ дар маҷаллаи Nature Geoscience нашр шудааст, қувваҳои азими заминҷунбӣ метавонанд кварсро фишурда, майдонҳои электрикиро ба вуҷуд оранд, ки зарраҳои тиллоро барои ташаккул додани нугҳои калон ҷалб мекунанд.
Оқибатҳои иқтисодии ин кашфиёт хеле бузурганд. Он метавонад иқтисоди Чинро тавассути афзоиши содироти тилло ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши истихроҷи маъдан афзоиш диҳад.
Дар посух ба мушкилоти экологӣ, саноати маъдан ба дастовардҳои назарраси технологӣ ноил гардид. Саноати автоматикунонӣ ва робототехника, инчунин истифодаи ҳуши маснуъӣ барои беҳинасозии амалиёти истихроҷ шуруъ ба дигаргунии саноатӣ кардааст. Лю Юнсзюн, муовини директори Бюрои геологӣ, аз истифодаи технологияҳои нави иктишофӣ, аз қабили моделсозии геологии 3D, ки дар кони тиллои Вангу татбиқ шудааст, ёдовар шуд, ки самаранокии корҳои ҳафриётро беҳтар кардааст.
1. Вилояти Ҳунан(чинии сода: 湖南, пинйин: Húnán, айнан: «ба ҷануб аз самти кӯл”) - яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки дар қисми Ҷанубу Шарқи кишвар воқеъ аст. Маркази вилоят — шаҳри Чанша буда, масоҳати он 211 231 км² мебошад. Ин вилояти дорои 65 683 722 нафар (2010) аҳолӣ мебошад.
2. NASDAQ- Биржаи фондии NASDAQ ё ба таври мухтасар NASDAQ, биржаи америкоӣ мебошад. Номи мазкур ихтисораи номи пурраи National Association of Securities and Dealers Automated Quotations буда, бузургтарин биржаи электронӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Тақрибан 3700 ширкат дар NASDAQ намояндагӣ доранд, ки ин шумора ширкатро чун бузургтарин биржаи савдо дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Дар NASDAQ на танҳо саҳмияҳои ширкатҳои бузурги технологӣ арзёбӣ мешаванд, аз ин рӯ низоми яклухти индексҳо ба вуҷуд омадааст, ки ҳар кадоме аз онҳо вазъиятро дар бахши дахлдори иқтисодиёт инъикос мекунанд. Ҳоло сездаҳ чунин индекс мавҷуд аст, ки нархгузории коғазҳои арзишдоре, ки дар низоми электронии NASDAQ фурӯхта мешаванд, ба онҳо такя мекунанд.
Таҳияи Б.Шафеъ
МАНБАЪ: Маҷаллаи интернетии “Новая наука” (new-science.ru)