preloader

интизор шавед...

Офатҳои ҷаҳонии гузашта. Чӣ гуна тағирёбии иқлим ҳаётро дар рӯи Замин барҳам мезад?

  • 23-дек-2024
  • 2 дидани саҳифа

Таҳқиқоте, ки аз ҷониби олимони Донишгоҳи Бристол ва Донишгоҳи Геологияи Чин роҳандозӣ шудааст, сабабҳои таъсири харобиовари гармшавии давраи Перм-Триасро ба экосистемаҳои баҳрӣ ва заминӣ равшан мекунад. Ин кашфиёт бо оташфишонии вулқонҳо алоқаманд аст, ки партобҳои онҳо боиси тағирёбии фалокатбори иқлим шудааст.

Нобудшавии оммавии Перм-Триас тақрибан 252 миллион сол пеш рух дод ва бузургтарин дар таърихи Замин маҳсуб мешавад. Таҳқиқот нишон дод, ки партобҳои газҳои гулхонаӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти вулқонӣ дар Сибир ба вуҷуд омадаанд, на танҳо ба гармшавии глобалӣ мусоидат карданд, балки тағйирёбии иқлимро афзоиш дод.

Ин ҳолат барои мавҷудоти зинда хатарҳои пешбининашударо ба миён овард ва боис гардид, ки дар рӯи Замин бисёре аз намудҳо барои ҳамеша нобуд шаванд.

Ходими калони Донишгоҳи Бристол Александр Фарнсворт, ки аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин таҳқиқот мебошад, иброз дошт: "Тағйирёбии иқлим худ аз худ боиси чунин паёмадҳои вайронгаре намешуд, аммо тағйири шадиди обу ҳаво шароитро барои бештари мавҷудоти зинда ғайри қобили таҳаммул кард”.   

Олимон сабтҳои ҳароратеро, ки аз дандонҳои сангшудаи организмҳои баҳрӣ гирифта шудаанд, таҳлил карданд, ки ба онҳо имкон медиҳад градиентҳои пастшавии ҳароратро дар минтақаҳои тропикӣ муайян кунанд.

Ин тасдиқ мекунад, ки шароити иқлим дар он давра на танҳо бениҳоят гарм, балки ноустувор буд, ки боиси вайрон шудани экосистемаҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар уқёнусҳо гардид. Ба нақши Эл-Нино, ки баъдан даҳсолаҳо давом карда, хушксолии тӯлонӣ ва обхезиро ба бор овард, диққати махсус дода мешавад.

Муҳаққиқон инчунин шарҳ медиҳанд, ки чаро рустаниҳое, ки бояд гази карбонро азхуд мекарданд, аввал мурданд ва ин бӯҳронро шадидтар кард. Ин занҷирҳои ғизоиро вайрон намуд ва ҷамъшавии CO2-ро дар атмосфера суръат бахшид, ки дар навбати худ бисёр намудҳоеро, ки ба зудӣ мутобиқ шуда наметавонанд, нобуд кард.

 Таҳияи Б.Шафеъ

 

Манбаъ: “ПОИСК

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту