preloader

интизор шавед...

Таҳвили таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология

  • 24-дек-2024
  • 60 дидани саҳифа

Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)» таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд.

Ин таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа барои таҳкими пойгоҳи моддию техникии институт, ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, биноҳо ва иншоот ҳангоми заминларзаҳои шадид ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтанист, ки насби таҷҳизот барои васл намудан дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) ва дар баъзе пойгоҳҳои сейсмикии институт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон барои муайян кардани хусусияти динамикии ҳар гуна бино ва иншооти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насби таҷҳизоти сейсмикии сайёр дар назар дошта шудааст.

Инчунин барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷро намудани корҳои мушоҳидавӣ ва санҷишӣ Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология тибқилоиҳаи ёдшуда бо ду мошини сабукрав ва боркаш таъмин гардид.

Дар маросими таҳвили техника Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ширкат кард.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту