Субҳи имрӯз кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори Институт Пӯлод Аминзода иброз дошт, ки ин Паём навид аз муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як соли охир аст, ки ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод гардид. Сарвари давлати тоҷикон зимни пешниҳоди Паём ба мақоми олии қонунгузории мамлакат — Маҷлиси Олӣ ба вазъи илму маориф дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки “тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд”.
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар идомаи суханрониаш дар мавриди Паёми навбатии Сарвари давлат иброз дошт, ки мо ҳар сол ғамхории Президент ва Ҳукумати кишварро дар рушди илму техника ҳисс мекунем. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бори дигар иброз доштанд, ки “имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш доданд, ки “доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.
Пӯлод Аминзода дар ҷойи дигар аз суханрониаш гуфт, ки Пешвои миллат бори дигар ба зарурати забономӯзӣ таъкид карданд ва фармуданд: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки илм ва маориф пояи аслии тараққиёти кишвар аст, иброз доштанд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Масалан, ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст. Зеро ин давлат ҳар сол фақат аз фурӯши идеяҳо ва кашфиёту ихтироот, ки маҳсули ақли шаҳрвандони он мебошанд, 35 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меорад. Саҳми хонандагони мактабҳои миёна дар ин дастовард, яъне ихтироот 1 миллиард долларро ташкил мекунад. Харидорони ин идеяҳо асосан ширкатҳои бузургтарини дунё мебошанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф мақоми хоса дошт ва ин ҳар кадоми моро водор мекунад, ки бо дасту дили гарм ин Паёми сарнавиштсоз ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами худро амалӣ созем ва дар рушди илми кишвар саҳми шоиста гузорем,-гуфт Пӯлод Аминзода.
Вай ҳамчунин афзуд, Институти геологи, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҳама имконоти лозимро барои саҳми муносиб гузоштан дар кашфиётҳои илмӣ, ҳисса доштан дар пешрафтҳои илмии Тоҷикистони азиз дорад. Олимони мо соли 2024 дар татбиқи лоиҳаҳои ба зиммадошта комёб буданд ва умед аст соли 2025 низ ин анъанаи неки сӯи пешрафтҳои қадам задан идома меёбад.