preloader

интизор шавед...

Сармои умумиҷаҳонӣ

  • 04-янв-2025
  • 9 дидани саҳифа

Сармоиши ҷаҳонӣ ё сармои умумиҷаҳонӣ ин раванди сард шудани тадриҷии Замин; фарзия дар бораи он ки батариҷ дамои сайёра ба сардӣ рӯ меорад ва билохира ба давраи яхбандии сартосарӣ мерасад. 

Ин фарзия, ки асри XXI асри сардии умумиҷаҳонист, пуштибонии илмӣ надорад, яъне илман исбот нашудааст. Он ки Замин батадриҷ ба даврони нави яхбандон мерасад, ҳеч пояи илмӣ надорад. Аммо он олимоне дар ин бора ҳарф мезананд, ки сардшавии иқлими Заминро аз оғози солҳои 1940 то аввали солҳои 1970 мавриди таҳлилу барарсӣ қарор медиҳанд. Эҳтимолан ба марҳалаи сард шудани силсилаи табиӣ гармоиши антропогение, ки аз асри ХХ мушоҳида мешавад, сабаб шудааст.   

Дар асри XXI дар доираҳои илмӣ фарзияи гармоиши умумиҷаҳонӣ як фарзияи паҳншудатарин ба шумор меравад. Яъне ба муддати дурудароз гарм шудани Замин, ки ба фаъолияти техногении инсон вобаста мебошад. Аммо иддае аз донишмандон дар бораи оғози давраи нави яхбандӣ суҳбат мекунанд ва далелашон ба давраи коҳиши фаъолнокии Офтоб иртибот дорад. Яъне ба гуфтаи онҳои гармоиши техногенӣ наметавонад садди роҳи сардии табиӣ шавад. Онҳо ба ин назаранд, ки ин сардии табиӣ тадриҷан боиси он мешавад, ки баъди якуним ҳазор сол дар Замин давраи яхбандӣ ҳоким мегардад.  

Ахтаршиноси англис Уилям Х.Маккри (анг. Sir William Hunter McCrea. Ахтаршинос ва риёзидони англис. 13 –уми декабри соли 1904 дар Дублин таваллуд шуда, 25-уми апрели соли 1999 дар 94-солагӣ фавтидааст. Бештар дар назарияи атмосфераи ситораиро дар астрофизика, муҳити байниситораӣ, кайҳонзоӣ, кайҳоншиносӣ таҳқиқот анҷом додааст) тахмин мекунад, ки Замин дар раванди ҳаракат дар Манзумаи шамсӣ мунтазам аз тариқи пардаи ғубори кайҳонӣ убур мекунад, ки маҳз он боиси сардии умумиҷаҳонӣ мешавад. Ҳангоми омӯзиши хоки Моҳ, ки экспедитсияи “Апполон-15” (анг. Apollo 15. Нуҳумин маъмурияти сарнишиндор ба фазо ва чаҳорумин сафар ва фуруди инсон ба сатҳи кураи Моҳ буд. НАСА ин сафарро соли 1971 милодӣ анҷом дода буд. Ҳавонавардони он Дэвид Скотт, Алфред Уорден ва Ҷеймс Ирвин буданд, ки қариб се шабонарӯз (каме камтар аз 67 соат)-ро дар Моҳ гузаронданд) ба Замин овард, се қабати гард бо фосилаи 100 миллион сол дида шуд, ки ин ҳамон фарзияи Маккриро тайид мекунад.   

Соли 2015  академики АИР Р. И. Нигматулин  (тот. Роберт Искәндәр улы Нигъмәтулин.Олими механики Шӯравӣ (Русия) академики академияи илмҳои Русия. 17-уми июни соли 1940 дар Москав зода шудааст). исбот карданӣ шуд, ки дар айни замон дар ҳақиқат мо шоҳиди сардшавии ҷаҳонӣ ҳастем, ки зери таъсири уқёнуси олам ба атмосфера рух медиҳад. Аз ҳоло ба ин сардшавӣ партоби газҳои гулхонаӣ, гази ангидриди карбон ҳамроҳ мешавад, ки ба буғи об таъсир мерасонад. Аммо академик И.И.Мохов (олими зизикаи атмосферӣ, иқлимшинос, ташхисгари тағйироти иқлимӣ, Директори Институти физикаи атмосферии ба номи Обухови АИР, доктори илм, профессор) муътақид аст, ки ин ҷо ҳарфи асосӣ на дар бораи сардшавии умумиҷаҳонӣ, балки сардии маҳдуду минтақавӣ меравад.  

Моделсозии компютерӣ тамоюли изтиробоварро нишон дод. Тибқи он баъди 200-250 сол ҷараёни гарм дар Анталантикаи шимолӣ мутаваққиф мешавад ва иқлими Аврупо нисбатан сард мегардад (дамои миёна дар ин қисмат аз кураи Замин 3−8℃ коҳиш меёбад), Соҳил (вожаи арабист “соҳил” – минтақаи саваннаҳои тропикӣ дар Африқо, ки навъе интиқоли байни Саҳро дар шимол ва заминҳои ҳосилхезтар дар ҷануб аст, ки бештар ба унвони минтақаи Африқоии Судон (бо давлати Судон иштибоҳ нашавад) шинохта мешавад. Ин минтақа 12 кишвар ва тибқи оморгирии соли 2018 300 миллион аҳолиро дарбар мегирад) бошад бебориштар мешавад. 

Давраҳои яхбандӣ аз он сабаб рух дода буданд, ки консентратсияи гази ангидриди карбон паст шуд. 

Мо дар бораи фарзияи “Зимистони ҳастаӣ” алакай медонем. Муҳаққиқон доғ дар рӯи Офтобро (Доғи рӯи Хуршед –рӯйдоди муваққат бар рӯйи сатҳи Хуршед аст, ки ба сурати доғҳои ториктар аз навоҳии атрофи онҳо ба василаи фаъолиятҳои шадиди магнитии пурқувват, ки монеъ аз интиқоли гармо мешавад, ба вуҷуд меояд) 2030 пешгӯӣ мекунанд, ки ин худ оғози сармоиши умумҷаҳонӣ хоҳад буд.

 Сардии умумиҷаҳонӣ боиси афзудани майдони қабати барфӣ мешавад. Ин ба он маъност, ки рӯи Замин нури хуршедро, ки ба он меафтад, инъикос мекунад ва дигар гарм намешавад. 


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту