preloader

интизор шавед...

Минералҳои Тоҷикистон. Турмалин

  • 06-янв-2025
  • 15 дидани саҳифа

Турмалинҳои гуногунранг санги қиматбаҳо мебошанд. Номи ин минерал аз калимаи сингалии “Турмали”-хокистаркаш ба – ромадааст. Дар вақти тасфондан дар он қувваи барқ пайдо шуда, хокистарро ба худ  мекашад.

Таркиби химиявии турмалин алюмосиликати мураккаби бор мебошад. Рангҳои кабуд, сабз, осмонӣ, зард, бӯр ва сиёҳи он бо дохилаҳои оҳан ва хром, сурху гулобӣ бо дохилаҳои манган вобаста аст. Турмалин кристаллҳои призма ва сутунчашакл хосил мекунад. Ҷилояш шишагӣ, мӯрт, сахтиаш 7-7,5 мебошад. Корди пӯлодӣ онро тарошида наметавонад.

Турмалин аз замонҳои қадим ҳамчун санги зебо ва сеҳрнок маълум  аст. Турмалини пуштии баланд тилисми рассомон мебошад. Он ба рассомон созовори эътирофи умум ва қувваи эҷодӣ мебахшад. Турмалини кабуд аз ашхос қувваи зиёдатиро ҷаббида мегирад. Онро фақат то 35 солагӣ гирифта мегарданд. Турмалини сиёҳ (шерл) санги ҷодугарзанон мебошад. Тӯмори турмалин ҷавонӣ ва кувваи ашхосро нигоҳ медорад. Аз ҳама қиматтарин турмалини сурх мебошад. Бо он ашёи маснад (тоҷ, чӯбдасти салтанат ва ғ.), калисо ва имонаҳоро зеб  медиҳанд.

Конҳои машҳури турмалинҳои рангоранг дар Шри–Ланка, Бирма, Бразилия, Ҳиндустон, Мозамбик, Амрикои Шимолӣ, Афғонистон (Нуристон) маълум аст. Турмалини Дараи Пичи Афғонистон кабути алафранг, дарозиаш аз 1 то 20 см, бараш 0,2-5см аст. Дар ин ҷо кристаллҳои турмалини гуногунранги дохилаш сурхи гулобӣ, атрофаш кабуд низ вомехӯранд. Дарозии кристаллҳо то 40 см, бараш 7-15 см мешавад.

Конҳои турмалин дар дохили гранитҳо ва ҷинсҳои рагии бо онҳо  алоқаманд-пегматит, грейзенҳо ва бо скарнҳо, ки дар ҷои тамоси гранитҳо бо оҳаксанг ва гилсанг ба вуҷуд меоянд, дучор мешаванд.

Дар ҷумҳурии мо турмалинҳои гуногунранг дар Помири Шарқӣ ва қаторкӯҳи Туркистон дарёфт шудаанд. Турмалин дар гранит ва пегматитҳо вомехӯранд. Андозаи кристаллҳои алоҳидаи турмалини  Рангкӯли Помири Шарқӣ 17х10х10 см вазнаш 2,5 кг аст. Ранги  кристаллҳои турмалини полихром (гуногунранг) аз кабуд (дар поёни кристалл) то гулобӣ (дар нӯги он) тағйир меёбад. Дарозии турмалинҳои гулобӣ-рубеллит то 30 см, барш то 10см мешавад. Турмалинҳои ҷавоҳирии кабуд, сурх гулобӣ ва сиёҳ дар пегматитҳои қаторкӯҳи  Туркистон (ноҳияи Мастчоҳ) низ вомехӯранд. Турмалинҳои саёҳ (шерл)  дар гранит ва рагҳои аплиту пегматитҳои Помир, қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ва Қаромазор дучор мешаванд.

Турмалини Тоҷикистон дар солҳои наздик дар қатори сангҳои  қиматбаҳо шӯҳрат пайдо хоҳад кард.


Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту