preloader

интизор шавед...

Шарҳи илмии ярч

  • 19-янв-2025
  • 42 дидани саҳифа

Ярч ин ҷойивазкунии лағжандаи миқдори зиёди ҷинсҳои кӯҳӣ ба нишебӣ, ки аз вайрон шудани мувозинат бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Онҳо ҳам бо сабабҳои  табиӣ ва ҳам сунъӣ (антропогенӣ) рух медиҳанд ва як рӯйдоди басо хатарноки табист, ки аз боло сарозер мешавад ва бо вазни гарони худ ва қувваи иловагие, ки аз суръати ҳаракат ҳосил мекунад ва аз сангу регу хоке, ки ба он ҳамроҳ мешаванд, такони шадидеро ба вуҷуд меорад.

Сабабҳои табиӣ инҳоянд:

  ● зиёд шудани нишебӣ;

  ● шуста шудани таҳкурсии онҳо бо обҳои дарё;

  ● таконҳои сейсмикӣ.

Сабабҳои сунъӣ:

  ● вайрон шудани нишебиҳо бо хамиҳои (ҷойҳои фурӯрафтаи) роҳҳо;

  ● аз ҳад зиёд баровардани хок;

  ● буридани ҷангал;

  ● ғайриоқилона истифода кардани соҳаи кишоварзӣ дар нишебиҳо.

Оморҳои байналмилалӣ мегӯянд 80% ярчҳои замони мо натиҷаи фаъолияти инсонанд. Яъне, одамон худ сабабгори хатар ба ҷони худ мешаванд. Қисмати бештари ярчҳо дар кӯҳу даман, дар баландии 1000 то 1700 метр рух медиҳанд. Аммо ярчҳо метавонанд дар ҳамаи нишебиҳо, аз нишебии 19 дараҷа оғоз карда ба вуқӯъ пайванданд. Вале дар заминҳои гилдор дар нишебии 5-7 дараҷа сар мезананд. Барои ин рутубати зиёди ҷинсҳо басанда аст.

Ярчҳо миқёсан бузург, миёна ва хурд мешаванд. Ярчҳои калонҳаҷм бо сабабҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд ва қад-қади нишебиҳо ба тӯли садҳо метр пайдо мешаванд. Ғафсии онҳо 10-20 метр ва баъзан бештар аз онро фаро мегирад. Аксар вақт ярч бо баданаи яклухт сарозер мешавад ва ба поин ҳам, ки мерасад, он яклухтиро нигоҳ медорад, пош намехӯрад.

Ярчҳои миёна ва хурд андозаҳои камтар доранд ва хоси равандҳои антропогенианд.

Як ярчи азим метавонад то 400 ва аз он бештар гектар масоҳатро пӯшонад.  Ярчи хеле калон қодир аст аз 200 то 350 гектар, ярчи калон аз 100 то 200, миёна аз 50 то 100, хурд аз 5 то 50 ва хеле хурд то 5 гектарро зери лою хок кунад.

Ярчҳо бо суръати аз 3 метр дар як сония то 0,06 метр дар як сол ҳаракат мекунанд.

 

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то соли 2023 дар қаламрави Тоҷикистон 70 ҳодисаи ярч (лағжиши замин) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту