Санаи 26.02.2025 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мувофиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ семинари илмӣ дар мавзӯи “Қонуниятҳои паҳншавии равандҳои экзогении геологӣ дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон ва усулҳои коркади маълумотҳои сейсмикӣ” баргузор гардид.
Семинарро директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Аминзода Пулод ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки омӯзиши қонуниятҳои паҳншавии равандҳо экзогении геологӣ дар шароити кӯҳии мо дар паст кардани хавфи офатҳои табии, сари вақт огоҳонидани мардум ва ба нақшагирии сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун аҳамияти хеле калон дошта, корҳои илмӣ-тадқиқоти дар ин самт бояд бо истифода аз усулҳо ва техналогяиҳои муосири компютери ба роҳ монда шавад. Ғайр аз ин, дар қисмати ифтитоҳии семинар номзади илмҳои геология ва минерология, муовини директори Институт оид ба илм Гадоев М.Л. баромад намуда нуқтаи назари худро оиди мубрамии омӯзиши равандҳои экзогении геологӣ ва коркарди маълумотҳои сейсмикӣ баён намуданд.
Дар семинар маърузаҳои номзади илмҳои геология ва минерология, Расулов Нурали дар мавзуи “Особенности формирования георисков в бассейне реки Зеравшан (Центральный Таджикистан)”, ходими хурди илмии гуруҳи техналогяиҳои геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии Институт, Нарзиев Ҷ.М., дар мавзуи “Зависимость возникновения оползней от высотной зональности и экспозиции горных склонов Дарваза и Западного Памира”, номзади илмҳои геология ва минерология, ходими калони илмӣ, роҳбари гуруҳи техналогяиҳои геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии Институт, Файзуллоев Ш.А. дар мавзуи “Основные факторы развития оползневых явлений территории Таджикистана”, номзади илмҳои геология ва минерология, сарходими илмии лабараторияи арзёбии хатари сейсмикии Институт, Швартс А.В. дар мавзуи “Применение ГИС техналогий при инженерно-геологических исследованиях” мавриди бараси қарор гирифанд.
Ҳамчунин дар Семинар номзади илмҳои геология ва минерология, дотсенти факултети геологияи ДМТ Қодиров А.А. дар мавзуи “Омӯзиши равандҳои экзогении минтақаҳои Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон бо усулҳои муосир ҳангоми сохтмони иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ” баромад намуданд.
Дар интиҳои семинар номзади илмҳои геология ва минерология, ходими калони илмӣ, роҳбари гуруҳи техналогяиҳои геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии Институт, Файзуллоев Ш.А. баромад намуда қайд карданд, ки коҳиши хатарҳои мавҷуда ва паст кардани хавфи офатҳои табии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, барои корбарии ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030”-ро қабул намудааст. Ғайр аз ин қайд карда шуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии ба омӯзиши равандҳои экзогении геологӣ равона шудаи олимони Институт, барои амалисозии тадбирҳо вобаста ба паст карди хавфи офатҳои табии аҳамияти бунёди ва амали доранд.











