Дар Инстиутути геология, сохтмони ба заниҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи мартро ба рӯзи покиву назофат табдил доданд. Аз сари субҳ кормандони Институт гирди ҳам омаданд ва дар даст василаҳои поксозӣ дар ба корҳои ободонӣ заданд.
Ҳарчанд аввали моҳи март тибқи тақвим аввалин рӯзи баҳор аст, вале Баҳор 20 рӯз пас ворид мешавад. Ҳоло идома зимистон аст, ҳаво ҳамоно сарду пурбориш. Гоҳ барфу гоҳ борон.
Кормандонро лозим омад гирду атрофи бино и Институтро аз ҳар гуна бодовардаҳо пок созанд. Бахусус, ҷӯйборҳои атроф баъди борони шадиду барфи чанд рӯзи охир пур аз хасу хасруба шуда буд.
Илова бар ин кормандони Институт бахше аз минтақаҳои боғи коргоҳро побел ҳам карданд, бехи дарахтонро нарм карданд.


