preloader

интизор шавед...

Рӯзи Модар дар Институт таҷлил шуд

  • 07-мар-2025
  • 41 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Пӯлод Аминзода- Директори Институт бо ёдоварӣ аз саҳми бонувон дар рушди илму техника, ҳиссаи бонувони Институтро дар ин самт арзишманд хонд.

Директори Инстути геология дар бахши дигар аз суханрониаш аз суханронии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овҷард , ки фармуданд: Ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад.

Дар Академияи миллии илмҳо 743 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд.

Пӯлод Аминзода ҳамчунин иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ занону духтарон дар ҳама соҳаҳо, бахусус соҳаи илмҳои геология ва бахши сохтмони ба заминлраза тобовар ва сейсмология нақши назаррас доранд. Онҳо дар рушди геология, бахусус ҷустуҷӯи боигариҳои қаъри замин саҳми арзанда мегузоранд.

Директори Институт ҳамчунин аз ғамхории пайвастаи Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат дар рушди илму техника ва ҷалби бонувони боистеъдод ба корҳои илмӣ изҳори назар намуд ва гуфт “мо ин ғамхориро пайваста эҳсос мекунем”.

Дар нишаст ҳамчунин ҷонишини директори Институт Мустафо Гадоев, Фарҳод Ғафуров, Умедҷон Шарипов, Давлатхӯҷа Муродов, Фотеҳ Файзиев, Рустам Бозоров ва Зулфия Соҳибова суханронӣ ва бонувонро ба муносибати идашон муборакбод карданд.

 Дар ин ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар бонувони Институт бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Поёни ин нишаст аз барномаи ҷолиби фарҳангӣ иборат буд, ки хотири ҷамъомадагон шод гардид.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту