Аминзода П.А., Гадоев М.Л., Давлатзода Ф.С.
Тоҷикистон дар минтақаи бархӯрди бузургтарин силсилакӯҳҳои ҷаҳонӣ - Помир ва Тиён-Шон ҷойгир аст, ки дар ин ҷо пайдоишҳои гуногуни геологӣ ба ҳам пайваста, як навъ озмоишгоҳи нодири табииро барои ҳалли доираи васеи масъалаҳои амалӣ ва назариявии геология, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар бавуҷуд меоранд.
Тадқиқотҳои аввалин оид ба масъалаҳои геология ва сейсмология дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар асрҳои IX-X аз ҷониби олимони бузурги Тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ оғоз гардида буд. Аз ҷумла, Ибни Сино таснифи аввалини ташаккулёбии минералҳоро коркард карда, дар бораи минтақаҳои сатҳи замин бо басомади гуногуни такрори заминларза, дар бораи чораҳои эҳтиётӣ аз заминҷунбиҳои шадид нигошта, масъалаи тақсимоти заминҷунбиҳои қувваҳои гуногунро дар вақташ баррасӣ намуда, кӯшиш кардааст, ки таъсири моҳ ва Офтобро ба басомади заминҷунбӣ дар вобастагӣ бо вақти сол муайян намояд. Ал-Берунӣ дар Шарқи Миёна аввалин шуда системаи гелиосентрии ҷаҳонро пешниҳод кард, координатҳои бисёр нуқтаҳои ҷуғрофии Осиёи Миёна ва ҳудудҳои ҳамсарҳадро ҳисоб карда, доираи Заминро муайян кард. Вай инчунин оид ба маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо ва конҳои он замон маълумот ҷамъоварӣ карда маълумоти муфасалро пешниҳод карда буд.
Омӯзиши системавии геология, боигариҳои минералӣ ва шароити табиии Тоҷикистон аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз ёфта, бо фаъолияти экспедитсияҳои комплексии Шӯравӣ-Олмон, Помир, Тоҷик ва экспедитсияи Тоҷику Помир алоқаманд аст, ки аз тарафи олимони соҳа гузаронида шудааст. Аввалин харитаҳои геологӣ ва харитаҳои ноҳиябандии сейсмикию сейсмотектоникӣ сохта шуданд.
Лозим ба ёдовари аст, ки имрӯз самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ гузаронида шуда истодааст, аз ҷумла: геологияи минтақавӣ ва тектоника, палеонтология, стратиграфия, магматизм, маъданпайдошавӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, литология ва минералогия, неотектоника, сейсмотектоника, палеобиология ва палинология, петрология ва металлогения, термоминералогия ва балнологияи обҳои зеризаминӣ, минералогияи маъданӣ, термобарогеохимия, таҳлили литофатсиалӣ ва фарматсионии қабатҳои таҳшинӣ ва канданиҳои фоиданок ва ғайра гузаронида шуда истодаанд, ки натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот истифода гардидааст.
Маълум аст, ки олимон маълумотҳои навро оид ба морфология, систематика, филогения, палеоэкология, палеобиогеография ва аҳаммияти стратиграфии гурӯҳҳои гуногуни ҳайвоноти қадимаи Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Маълум гардид, ки дар таҳшониҳои фанерозой зиёда аз 8000 таксонҳои дараҷаҳои гуногун, тақрибан 600 намуд, насл ва оилаҳои нав тавсиф карда шудаанд. Қонунияти ошкоршудаи паҳншавии амудии боқимондаҳои омӯхташуда имкон дод, ки схемаҳои нави минтақавӣ (митнасахт) ва маҳаллии стратиграфӣ таҳия карда шуда, мутобиқатии таҳшинҳои синну соли гуногундоштаи фанерозой бо таҳшинҳои дигар минтақаҳои кураи замин гузаронида шаванд. Инчунин ноҳиябандии биогеографии ҳавзаи мезозойи Тоҷикистон гузаронида шуда, маконҳои сершумори осори ҳаёти давраи қадим, аз ҷумла нишонаҳои беназири динозаврҳо тавсиф карда шуданд.
Вобаста ба мақсади чоруми кишвар “Саноаткунонии босуръати кишвар” ва дар шароити гузариши Ҷумҳурии нақши афзояндаи саноати маъдан ва талаботи рӯзафзуни иқтисоди ҷумҳуриро ба назар гирифта, дар озмоишгоҳҳо оид ба омӯхтани комплексҳои метаморфӣ, ашёи хоми худҷило ва равандҳои чуқури тавлиди маъдан ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин замина оид ба таркиб ва сохтори комплексҳои метаморфии Тоҷикистон натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шуда, таркиби потенсиалии тиллодории форматсияи варақсанги сабз муайян карда шуданд.
Хусусиятҳо ва қонуниятҳои паҳншавии фазоии равандҳои эндогении дар қаламрави ҷумҳури бударо омӯхтанд, хусусиятҳои минералогӣ, геохимиявӣ ва генезиси тилло, нуқра-полиметаллҳо, флюорит, селестин, сурмаву симоб ва рагҳои кварсии дорои кристаллҳои баландсифат, параметрҳои физикӣ-химиявӣ ва ташаккулёбии онҳоро муайян карданд ва меъёрҳои ҷустуҷӯ, пешгӯӣ ва арзёбии намудҳои гуногуни минерализатсияро коркард намуданд. Ноҳияи нави сангҳои қиматбаҳо дар Помири Марказӣ кашф ва мавҷудияти камарбанди минерагении Помир-Ҳимолой асоснок карда шуд, ки дар он зуҳуроти зиёди сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои нодир ба қайд гирифта шуданд.
Хусусиятҳои хоси минералогия, геохимия, термобарогеохимия, қонунҳои паҳншавии конҳои флюорит дар Тоҷикистон дар баъзе асарҳои олимони соҳа оварда шудааст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар соҳаи геология аз ҷиҳати амалӣ коркардро оид ба тавсифи хусусиятҳои гидрогеологии минтақаҳои обёришавандаи Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шимолӣ, омӯзиши обҳои минералӣ ва гарм ба анҷом расонида, пешгӯии як қатор зуҳуротҳоро аз ҷумла (ярч) таҳия карда шудааст.
Тадқиқоти гидрогеологии табиати мелиоративи дошта аз солҳои замони Шуравӣ оғоз ёфта, нақшаи якуми ноҳиябандии гидрогеологии дар водии Вахш гузаронида шуд, сабабҳои шӯршавӣ ва ба ботлоқ табдил ёфтани қисматҳои алоҳидаи ин води дар ҷараёни обёрӣ аниқ карда шуданд, масъалаҳои мелиоративӣ ва обёрӣ бо истифода аз шабакаи дренажии уфуқӣ таҳия карда шуданд. Омӯзиши шароити гидрогеологӣ ва химиявии обҳои зеризаминии Тоҷикистон имкон дод, ки дар бораи истифодаи комплексии онҳо барои обёрӣ ва обтаъминкунӣ тавассути истифодаи дренажии амудӣ тавсияҳои асоснок пешниҳод намояд. Хусусиятҳои гидрохимиявии обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии массивҳои обёришавандаи Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ сохта шуданд.
Қонунияти ташаккулёбии обҳои термоминералӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ муқаррар карда шуда, оид ба истифодаи амалии намудҳои гуногуни ин об тавсияҳо дода шудандб. Хусусиятҳои гидрогеохимиявии обҳои маъдании Қарамазор таҳқиқ карда шуданд.
Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ харитаи ноҳиябандии муҳандисӣ-геологии қаламрави Тоҷикистон тартиб дода шуд, минтақаҳои нисбат ба ярч ва фурӯғалтҳо хатарноктарин муайян карда шуда, меъёрҳои пешгӯии ин зуҳуротҳо муқаррар карда шуданд. Атласи харитаҳои махсуси муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон сохта шуданд, тавсияҳо оид ба истифодаи оқилонаи ҳудуди кӯҳӣ бо мақсади рушди сохтмони саноатӣ-шаҳрвандӣ дода шудаанд. Дар Институт барои омӯзиши таърихи геологии ҳудуди Тоҷикистон корҳо анҷом дода шуданд.
Асосҳои илмии комплексии дурнамои тағйирёбии муҳити табиӣ, захираҳои кӯҳӣ ва аридии минтақаҳои Тоҷикистон ва тағйирёбии онҳоро бо таъсири чорабиниҳои калони хоҷагии халқ таҳия намуда, таҳқиқоти зарурии экологиро дар минтақаи ҳавзаи баҳри Арал гузаронида ва дар асоси онҳо тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани вазъ дар минтақаи ташаккули ҷараёни об коркард карданд.
Дар робита ба шароити Тоҷикистон, ки дар минтақаи бархӯрд бо плитаҳои Гондвана ва Лавразия ҷойгир аст ва минтақаи орогенияи ҷавонро фаро мегиранд, таҳқиқот оид ба нео- ва сейсмотектоника аҳамияти хоса доранд. Ҳанӯз солҳои 40-ум И.Е.Губин дар заминаи омӯхтани шароити геологии зуҳуроти харобиовари заминҷунбӣ дар ҷануби Тоҷикистон усули сейсмотектоникии ноҳиябандии сейсмикиро асоснок кард, ки он то имрӯз дар шакли пешрафта истифода мешавад.
Олимони самти геология якҷо бо сейсмологҳо ҳангоми омӯзиши минтақаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Норак ва Роғун усули ноҳиябандии муфассали сейсмотектоникиро кор карда баромаданд. Ба як системаи муайян даровардани кафишҳо дар Тоҷикистон аз рӯйи аломатҳои гуногун сурат гирифт. Муқаррар карда шудааст, ки минтақаҳои муҳимтарини сейсмогенӣ дар Тоҷикистон бо ҳаракатҳои навин аз рӯйи кафишҳои чуқур ва канории пайдоиши қадим муайян карда мешаванд; кафишҳои дараҷаи аввал, ба монанди Ҳисору Кокшал, метавонанд бо қувваи то 9 балл ва ё зиёда аз он таконҳои сейсмикиро ба вуҷуд оранд. Тадқиқоти палеосейсмодислокатсионӣ имкон доданд, ки рушди реҷаи сейсмикӣ саривақт ва қувваи эҳтимолии заминҷунбӣ дар минтақа бо қувваи баланд арзёбӣ карда шавад.
Дар асоси хусусиятҳои муайяншудаи геологию геофизикии минтақаҳои хатарноки сейсмикӣ ва арзёбии миқдории гузаронидашуда дар ҳамкори бо Саридораи геологияи ҶШС Тоҷикистон ва Институти, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология соли 1975 харитаи нави ноҳиябандии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон сохта шуда соли 1978 дар амал татбиқ карда шуд ва то имрӯз ҳамчун санади меъёрии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ҷумҳурӣ хидмат мекунад.
Саҳми олимони институт дар рушди истеҳсолоти кишвар хеле назаррас аст. Дар асоси шартнома мунтазам намудҳои гуногуни тадқиқоти геологӣ гузаронида мешаванд. Институт тарҳҳои стратиграфӣ, ноҳиябандии тектоникӣ, магматизм ва металлогенияро барои истифода дар амалияи корҳои аксбардории геологӣ пешниҳод кардааст. Тавсияҳо оид ба самтҳои корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ барои намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, истифодаи оқилонаи обҳои зеризаминӣ ва пешгӯиҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, аз қабили фурӯғалтӣ ва ярчҳо дода мешаванд.
Институт, инчунин дар таҳқиқот оид ба масъалаҳои «Раванди геосинклиналӣ ва ташаккули қишри замин» ва «Геодинамикаи муқоисавии қишри замини минтақаҳои чиндор» ширкат варзид. Ҳамзамон, кормандони институт дар омӯзиши геологияи Куба, Афғонистон ва Чин иштирок кардаанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Олмон, Фаронса, Чин, ИМА, Қирғизистон дар бораи гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо мақсади омӯхтани сохтори умқ ва сохтори геологии қишри замин ва литосфера, таркиби моддии ҷинсҳои таҳшинӣ, магмавӣ ва метаморфикӣ ва синну соли онҳо, таърихи гузаштаи шароитҳои геологӣ дар алоқаманди бо тағирёбии иқлим ва ғ. оғоз ёфт,
Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии дар институт вобаста ба самтҳои асосии соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар тасдиқ карда шуданд:
- омӯзиши табиати раванди сейсмикӣ ва алоқаҳои зилзиланокӣ бо сохти геологӣ, маълумоти геофизикӣ, майдонҳои шиддатҳо, деформатсияҳои қишри Замин, такмили усулҳои ноҳиябандии сейсмикӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва ҷустуҷӯйи пешгӯйи эҳтимолии заминҷунбиҳои сахт;
- омӯзиши ҳаракати хок ҳангоми заминҷунбиҳои сахт ва хусусияти шиддатҳое, ки дар ҷузъҳои конструктурии биною иншоот дар вақти заминҷунбӣ пайдо мешаванд, бо мақсади ба даст овардани заминаи геофизикӣ барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар;
- гузаронидани ноҳиябандии сейсмикии ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳиябандии муфассали сейсмикии майдонҳои объектҳои бузурги саноатӣ ва гидротехникӣ;
- гузаронидани таҳқиқоти таҷрибавию назариявии объектҳои муҳандисии воқеӣ ҳангоми заминҷунбиҳо ва таркишҳо бо мақсади ҷамъоварии маълумоти амалӣ барои санҷиш ва аниқкунии минбаъдаи методикаи ҳисобҳои муҳандисӣ аз рӯйи маълумоти муҳандисию сейсмологӣ;
- дар асоси натиҷаҳои бадастомада аниқкунии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки онҳо барои муайян кардани хатари сейсмикӣ ва ҳисобкуниҳо барои биною иншооти дар ноҳияҳои сейсмикӣ лоиҳашаванда заруранд.
Бо мақсади рушд дар самти сейсмология озмоишгоҳҳои нав таъсис дода шуда, шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ васеъ карда шуданд, полигонҳои пешгӯӣ сохта шуданд, хадамоти муҳандисию сейсмометрии полигони «Лоҳур», шаҳри Душанбе, саддҳои НОБ-и Сарбанд ва Норак ташкил карда шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Рушди назарияи сарбориҳои сейсмикӣ ба биною иншоот боиси коркарди методикаи нави таҳқиқи зилзилабардорӣ гардид, ки он ба имитатсияи пурраи таъсироти сейсмикӣ ба иншоот имкон дод. Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои анҷомдодаи кормандони институт пешниҳодҳо оид ба мукаммалсозии конструксияҳои биноҳои дар ҳудуди Тоҷикистон сохташаванда ва тавсияномаҳо оид ба ҳисоби онҳо аз таъсироти сейсмикӣ зимни тартиб додани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ истифода шуданд.
Дар як қатор ноҳияҳои ш. Душанбе шиносномадиҳии биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ бо мақсади баҳодиҳии осебпазирии онҳо ҳангоми заминҷунбиҳои баланд ва қабули чорабиниҳои зарурӣ барои паст кардани хатари сейсмикӣ гузаронида шуд.
Маълумотҳои таҷрибавии ҷамъоваришуда оид ба хусусияти зуҳури заминҷунбиҳо ва таъсироти онҳо ба биною иншоот барои таҳқиқот дар соҳаи сохтмони зилзилабардор аҳамияти муҳим доранд ва ҳангоми ҳалли масъалаҳои таъмини зилзилабардории сарбанди НБО-и Норак ва асосноккунии зилзилабардории сарбанди НБО-и Роғун зарурат доштанд. Маҷмааи таҳқиқот оид ба микроноҳиябандии сейсмикии шаҳру шаҳракҳои аҳолинишин, ҳамчунин корҳо оид ба микроноҳиябандии сейсмикӣ ва ноҳиябандии муфассали сейсмикӣ якҷо бо воҳидҳои Сохтмони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомувафаққият гузаронида шуданд ва имкон доданд, ки ҳолати муҳандисию сейсмологӣ барои шаҳру маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ муқаррар карда шавад, тавсияномаҳо оид ба таъмини зилзилабардории сохтмони чунин объектҳои гидроэнергетикӣ ва саноати, мисли гидрогиреҳҳои Нораку Роғун, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотии Вахш, Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, Корхонаи электрохимиявии Ёвон, Корхонаи содабарории Конибодом, Корхонаи маъдантозакунии Анзоб пешниҳод карда шуданд. Дар оғози солҳои 90-ум барои бештар аз 20 шаҳри ҷумҳурӣ харитаҳои микроноҳиябандӣ тартиб дода шуданд, ки барои сохтани биною иншоот бо назардошти хатарнокии сейсмикӣ имкон доданд. Ин харитаҳо аҳамияти муҳими амалӣ барои лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо доштанд.
Аз соли 1976 дар Душанбе маҷмуаи корҳои олимони шӯравию амрикоӣ оид ба пешгӯйии заминҷунбиҳо ва сохтмони зилзилабардор чоп мешуданд. Сейсмологҳои ҷумҳурӣ корҳоро оид ба ноҳиябандии сейсмикӣ ва микроноҳиябандӣ дар Куба, дар шимоли Афғонистон бомувафаққият пеш бурданд. Робитаи зич ҳамчунин бо муассисаҳои илмии Хитой, Ҳиндустон, Фаронса ва ғайра амалӣ карда шуданд.
Дар замони ноустувории сиёсии солҳои 1992-1993 қисми зиёди заминаи таҷрибавии институт, шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ, геофизикӣ ва пойгоҳҳои муҳандисию сейсмометрии он аз кор монданд. Мутахассисон берун аз ҷумҳурӣ рафтанд ва робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ қариб пурра канда шуданд.
Бо барқарор шудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, сайю кӯшиши асосии кормандон ба барқарорсозии шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ дар Тоҷикистон, пойгоҳҳои таҷрибавии институт, азнаварзёбӣ ва таҳлили натиҷаҳои қаблан ба даст овардашуда дар партави фарзияҳои нав ва усулҳои тадқиқот бо истифода аз технологияҳои нав равона карда шуд.
Озмоиш дар ин ҳолат, ки гузаронидани он имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, имкон медиҳад, ки фаъолияти иншоот дар марҳилаи аз даст додани қобилияти бардоштабарии ҳам унсурҳои алоҳидаи он ва ҳам иншоот дар маҷмӯъ ҳангоми ҳаракатҳои бузурги замин омӯхта шавад ва ба инкишофи минбаъдаи усулҳои ғайрихаттии ҳисоббарорӣ, назария ва амалияи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар такон медиҳад.
Тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар институт тавассути спирантура, магистратура ва докторантура (доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос), анҷом дода мешавад, ки дар онҳо дар солҳои охир 4 доктори PhD, 15 аспирант, 12 унвонҷӯ ва 40 магистрант таҳсил намуданд. Ҳамаи аспирантҳо, магистрантҳо ва докторҳо PhD таҳсилро зери роҳбарии мутахассисони соҳибтаҷриба – доктор ва номзадҳои илм мегузаранд. Ѓайр аз ин, олимони ҷавони институт дар асоси шартнома ва истифодаи грантҳои илмию таҳқиқотии байналмилалӣ дар магистратура ва докторантура (доктори фалсафа (PhD)- и институтҳои тахассусии Академияи илмҳои Хитой, Олмон, Полша таҳсил менамоянд. Ҳамасола олимони ҷавон ва мутахассисони дар доираи созишномаҳо ва лоиҳаҳои амалкунандаи институт бо институтҳо ва марказҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ ва хориҷи дур дар курсҳои таълимӣ, мактабҳои тобистона ва семинарҳои гуногуни таълимӣ барои баланд бардоштани тахассус ва азхудкунии усулу технологияҳои нав иштирок менамоянд ва сертификатҳои дахлдор мегиранд. Мутахассисони тахассуси геология дар озмоишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таҳқиқотҳои минералогию геологии ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъданҳо мегузаронанд, ки натиҷаҳои онҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ бо системаи Web of Science ва Scopus ба нашр мерасанд.
Олимони институт аъзои шуроҳои илмию техникӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурои олимон ва шурои илмию методӣ, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), номзадҳои илм дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ва факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Айни замон институт аз 7 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотӣ иборат аст: палеонтология ва стратиграфия, геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис, канданиҳои фоиданок, баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ, таҳқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ, зилзилатобоварии биною иншоот, зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ.
Дар институт ҳамчунин чор гурӯҳи иловагии ёрирасон амал мекунанд: шабакаи мониторинги сейсмикӣ ва геофизикӣ бо зиёда аз 50 пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ, сейсмогеохимиявӣ ва муҳандисию сейсмометрӣ иборат буда, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудаанд; гурӯҳи таҳлили усулҳои физикию химиявӣ; гурӯҳи технологияҳои геоиттилоотӣ ва зондкунонии фосилавӣ ва осорхона.
Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодаи институт дар самти омӯзиши сохти геологии Тоҷикистон ва конҳои канданиҳои фоиданок, баҳодиҳии хатарнокии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон ва хатари сейсмикӣ барои ҳудудҳои шаҳрсозӣ, коркарди тавсияномаҳо оид ба таъмини бехатарии сейсмикии биною иншоот, аз ҷумла биноҳои баландошёна ва иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ ҳамеша зарурат доранд ва аҳамияти махсусро соҳибанд. Институт дорои неруи зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва муҳандисию техникии дар назди он гузошташаванда мебошад.