Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти мавзуи “Хусусиятҳоиминералогии конҳоимаъданииТоҷикистон” доир гардид. Семинар бо ибтикори лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис ва лабоаторияи канданиҳоифоиданоки Институт доир шуд.
Семинарро директори Институт Пӯлод Аминзода ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси кори семинар ва моҳияти баргузории он чанд нуктаи назари хешро зикр намуд. Имрузҳо, - гуфт, директори Институт Аминзода П. - давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи геология, хоса омӯзишу ошкор намудани конҳои гуногуни канданиҳои фоиданоки сарзаминамон, аз қабили металлҳои нодиру камёфти заминӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, ки ин соҳа яке аз соҳаҳои муҳиму асосии пешбурди иқтисоди кишвар маҳсуб ёфта, дар соҳибистиқлолии иқтисоди кишвар саҳми беандоза калон дорад. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро борҳо дар суханрониҳои худ, бахусус дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат иброз намуда буданд.
Дар кори семинар доктори илмҳои геология ва минералогия, сарходими илмӣ, мудири лабораторияи Институт Ғафуров Ф.Г. дар мавзуи “Оид ба бозёфти танаҳоикарбонатитӣдарзуҳуротиЁсуман (қаторкӯҳҳои Туркистону Олой)” суханронӣ намуда, зикр кард, ки таҳқиқоти мо дар асоси талаботи самтҳои асосӣ ва муҳими тараққиёти соҳаи геологияи кишвар ва технологияҳои навин ба роҳ монда шудааст. Мақсади чаҳоруми Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон индустриализатсияи босуръати мамлакат аст, ки бе аз худ намудани захираҳои минералӣ-ашёии ҳудуди Тоҷикистон хело душвор аст. Зуҳуроти Ёсуман аз лиҳози сохти геологӣ, ки бо мавзеъи Дараи Пиёз, ки аз ҷиҳати дороии металлҳо ва унсурҳои камёфти заминӣ нисбатан бой аст, шабоҳати зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, ин майдон аз ҷиҳати дороии унсурҳои зикргардида ояндадор аст.
Инчунин дар семинар доктори илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари илмӣ, мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институт Файзиев Ф.А. низ дар мавзуи “Жильные минералы серебреных и серебросодержащих месторождений Таджикистана” баромад намуд. – Дар мақолаи минералҳои рагии конҳои нуқра ва нуқрадори Тоҷикистон оид ба минералҳои кварс, калсит, барит, доломит, флюорит, сидерит, анкерит, адуляр ва дар умум оид ба 15- минерали рагӣ сухан рафт. Қайд карда шуд, ки минералҳои рагӣ маъдани нуқра ва нуқрадорро ҳамроҳӣ мекунанд. Бори аввал, дар маъдан пайдошавии нуқра минерали доломит ошкор гардид ва ин минерал индикатори минералпайдошавӣ дар конҳои нуқра ва нуқрадор буда, маъданро ҳамроҳӣ мекунад. Бо ибораи дигар дар ҷое, ки минерали доломит пайдо мешавад, захираҳои саноатии нуқра ва полиметаллҳоро дучор омадан мумкин аст.
Ходими илмии лаборатория Ашуралиев С.Б. дар мавзуи "Позднепалеозойская и мезозойская тектоника Памира, взгляд на магматизм в Пшарте и Южном Памире" баромад намуда, зикр кард, ки нақши тектоникаи палеозойи баъдина ва мезозой дар ҳосилшавии сохти геологии Помир калон аст ва ин минтақа баҳри омӯзиши равандҳои тектоникӣ минтақаи муҳим ба ҳисоб меравад. Омӯзиши магматизм ва тектоникаи Помир дар хусуси фаҳмиши принсипҳои ҳосилшавии системаҳои кӯҳӣ нақши калонро дорост.
Дар кори семинар инчунин ходими илмии лаборатория Ҷобиров А.А. дар мавзуи “Методы подготовки горных пород в горнодобывающей промышленности” сухан ронда, кайд намуд, ки омода ва тайёр намудани намунаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ баҳри гузаронидани таҳлилҳои гуногун дар чанд марҳила сурат мегирад. Ва оид ба ҳар як марҳилаи асосӣ мавсуф фикру назари хешро иброз дошт.
Дар хусуси сатҳи баланди радиатсионӣ ва роҳҳои пешгирии он ходими хурди илмии лаборатория Назирзода Р.Э. суханронӣ намуда, омилҳои асосии пайдоиши ин масоили геоэкологиро баён дошт. Масъалаҳои мазкур дар ҳоли ҳозир масоили умумиҷаҳонист. Ва бартараф намудани хатари он мӯҳлати тӯлонӣ ва маблағи зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ, мо умед дорем, ки расад рӯзе, ки даҳсолаеро дар асри ХХI ба хотири нест кардани ин хатар “Даҳсолаибехатарии радиатсионӣ” эълон доранд, -гуфт ӯ.
Боиси ифтихор аст, ки чанд таклифу пешниҳодоти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси 21-уми март чун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025–соли байналмилалии ҳифзи пиярхҳо ва дар соли 2025 баргузории конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар СММ СММ дастгирӣ ёфт. Дар ин хусус ходими хурди илмии лаборатория Шакармамадова М.Ш. дар мавзуи “Баъзе хусусиятҳоиҷойгиршавӣвареҷаипиряхҳоиПомиришарқӣ” маърузаи илмӣ намуд.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳифзи пиряхҳо ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари кишварамон дар пиёда намудани ин сиёсати некбинонаву хирадмандонаи худ қадамҳои устувор гузошта, дар ҳифзи муҳити экологӣ ва масоили обшавиву ҳифзи пиряхҳо, ки дар ҳоли имрӯз масоили глобалӣ маҳсуб мешавад, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро пайдо намоянд.
Дар поёни семинар китоби тозанашри “АбдулҳақФайзиев – ахтари ноёбе дар илми геология”, ки аз ҷониби дастпарварони устод рӯйи чоп омадааст, рӯнамоӣ шуд.
Китоби мазкур дар бораи роҳи тайнамудаи яке аз чеҳраҳои намоёну шинохта ва олими забардасти илми тоҷик, узви вобастаи АМИТ, Академики Академияи илмҳои табиатшиносии Аврупо, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми ҶТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, сарходими илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои кандании фоиданоки ДМТ Файзиев Абдулҳақ Раҷабович нақл мекунад.
Китоб фарогири ҷанбаҳои васеи зиндагиномаи ин марди фозил будаву саҳфаҳои он хидматҳои ўро дар шукуфоиву нумўъ ва ташаккули илми геологияи тоҷик, тарбияву ба воя расонидани мутахассисони ҷавону соҳибкасб ва ба шоҳроҳи илм раҳсипор намудани эшон бозгуӣ мекунад.
Дар китоб маводу навиштаҷот ва хотироти ёру дўстон ва ҳамсабақону ҳамкорони профессор Файзиев А.Р. гирд оварда шудааст. Гузашта аз он, дар китоб маводи ҷолиби диққат аз китоби устод “Ифтихорам аслу авлоди ман аст” низ порчаҳо нашр карда шудаанд.
Асар барои доираи васеи олимон, мутахассисон, аспирантон ва донишҷуён муфид хоҳад буд.
Баргузории чунин семинарҳои илмӣ-амалӣ дар мавзуҳои мубраму асосӣ дар Институт ба ҳукми анъана даромадааст. Ва ҳар моҳ дар Институт бо ташаббусу ибтикори бевоситаи директори Институт Аминзода П. дар ҳошияи супоришу дастурҳои Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвақтзода Қ.Х. семинарҳои илмӣ-амалӣ доир карда мешаванд.






Дар кори семинар ходимони илмии муассиса, кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ф.Г. Ғафуров – мудири лабораторияи геодинамикаи
фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ, д.и.г.-м.