
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Носир Саидҷалол директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардид. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қарорро рӯзи 18-уми марти соли равон имзо карданд.
Ба ин муносибат бо баргузории як ҷаласа намояндаи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, ноиби Президенти АМИТ Илҳом Амонзода директори навро ба кормандони Институт муаррифӣ кард. Вай ба ҳозирин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонд ва дар бораи собиқаи кориву хидматҳои директори нав дар илм ва дидгоҳу нақшаҳои илмиву пажӯҳишии ӯ мухтасар маълумот дод.

Носир Сафарализода бо изҳори сипос ба пазироии гарм ва бо ташаккур аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор донистану таъин карданашон ба ин вазифаи пурмасъулият ба он ишора кард, ки ҳадаф аз ин таъинот татбиқи амалии сиёсати Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи илм аст.

Вай гуфт тамоми қувва ва имконоташро ба он равона хоҳад кард, ки кулли лоиҳаҳои амалкунандаи Институт амалан татбиқ шаванд ва ин ниҳод ҷойгоҳи хосе дар рушди илми кишвар дошта бошад.
Дар ҷараёни ҷаласа кормандони Институт, аз ҷумла Ҷаҳонгир Низомов ва Фарҳод Ғафуров андешаҳои худро оид ба саҳми директори пешин Пӯлод Аминзода дар рушди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология баён намуданд.
Онҳо иброз доштанд, ки Пӯлод Аминзодаро на танҳо чун як донишманди хуби соҳа мешиносанд, балки чун як инсони комил ва хушахлоқу покниҳод медонанд. Дар ҷараёни сарварии ӯ Институт ба дастовардҳои хуб даст ёфт, тарҳҳои зиёде амалӣ шуданд ва лоиҳаҳои дигаре дар ҳоли иҷро мебошанд.
Дар поёни нишаст раиси иттифоқи касабаи Институт Манижа Раҳимбекова бо дастагули наврӯзии тару тоза аз номи кулли кормандон ба Пӯлод Аминзода барои роҳбарии хубу хотираҳои мондагораш изҳори сипос намуд.




