preloader

интизор шавед...

Ҷамъбасти фаъолияти Институт дар семоҳаи аввали соли 2025. Натиҷаҳо назаррасанд

  • 09-апр-2025
  • 53 дидани саҳифа

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Тоҷикистон фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст намуд. Гуфта шуд, ки дар ин семоҳа  Институт гузаронидани таҳқиқотҳоро аз рӯи ҳафт мавзӯи илмию таҳқиқотӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, идома дода ва ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд.

Аз мавзуъи аввал  «Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Помир)» ном бурда шуд. Ин лоиҳа соли 2021 оғоз шудааст ва қарор аст имсол, соли 2025 ба анҷом расад. Роҳбарии илмӣ бар дӯши  узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Файзиев А.Р. аст.

 Мавзӯи дигар «Паҳншавӣ ва бӯҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон ва иқтидори стратиграфии онҳо» мебошад, ки соли 2021 иҷрои он оғоз шуда, бояд имсол ба анҷом расад. Роҳбари илмии он доктори илмҳои геология ва минералогия Оспанова Н.К. мебошад.

 Мавзӯи «Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳан ва тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон», ки зери роҳбарии доктори илмҳои гелогия ва минералогия Ф.Ғафуров идома дорад, низ поёни соли ҷорӣ натиҷаҳои худро пурра ҷамъбаст мекунад.  Дар ин семоҳа дар басти асосӣ (5-нафар) - Ашӯралиев С., Ҷобиров А., Назирзода  Р., Шакармамадова М.; ҳамкорон (7-нафар)- Малахов Ф.А,. Сафаралиев Н.С., Ятимов С.Б., Хоҷиев А.К., Куканбеков З.А., Меҳробшоев Ф.А., Хушдилов Р.С., Боронов Ш., Мансуров В. саргарми корҳои илмӣ буданд.

   Дар ҳисоботи семоҳа ҳамчунин аз мавзуъҳои «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» (таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Низомов Ҷ.Н.), «Баҳодиҳии ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунӣ ва филтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» (зери назари номзади илмҳои техникӣ Ядгоров Ё.Х.), «Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои геология ва минералогия Муродқулов Ш.Я.),  «Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов), «Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷикистон» (таҳти роҳбарии номзади илмҳои геология ва минералогия Муродқулов Ш.Я.), «Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон»оҳбари илмӣ доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов) сухан рафт

Дар маърӯзаи ҳисоботӣ ҳамчунин аз нашри корҳои илми дар семоҳаи аввали соли 2025 ибрози назар шуд. Дар семоҳа олимон ва кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 11 мақола дар расонаҳои хориҷи кишвар ва 37 мақолаи дигар дар матбуоти дохили ҷумҳурӣ ба табъ расондаанд, ки нисбат ба соли 2024 зиёд аст. 

Бахши дигари ҳисобот дар бораи татбиқи амалии натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар истеҳсолот, экспедитсияҳои геологӣ, таҳқиқоти муҳандисӣ-сейсмометрӣ ва сейсмологӣ, ҳамскориҳои илмӣ, корҳои ихтироотӣ ва патентиву литсензионӣ, грантҳои илмӣ ва лоиҳаҳои диагр, ки ташкилотҳои байналмилалӣ ҷудо кардаанд, буд.

Дар мавриди грантҳои илмӣ ва лоиҳаҳои дигар, ки созмонҳои байналмилалӣ ба сифати дастгирии спонсорӣ ҷудо кардаанд, аз кӯмаки техникии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон (PREPARED Зербанди 2.4 «Мустаҳкам намудани база барои таъмини устувории конструксионӣ ва сейсмикӣ» ва лоиҳаи МБИТ (МНТЦ) «Барқарор намудани иқтидори пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ дар Тоҷикистон ва нигоҳубини он» сухани рафт. Таъкид гардид, ки муҳлати лоиҳаи охирӣ барои соли оянда тамдид шуд ва иҷрои корҳо ба маблағи  106510 доллари ИМА-о дар бар мегирад.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ноиби президенти АМИТ Илҳом Амонзода ширкат ва суханронӣ кард.

Дар поёни ҷаласа директори Инстиитут Сафарализода Носир Саидҷалол зимни ҷамъбасти корҳои анҷомшуда дар бораи вазифаҳои ин ниҳоди илмиву пажӯҳишӣ дар семоҳаҳои баъдӣ ибрози назар намуд. Вай бо таваҷҷуҳ ба он ки дар семоҳаи аввал иҷрои бандҳои муҳими лоиҳаҳои таҳқиқотӣ бо маром ва тибқи нақша амалӣ мешуд, ба як қатор камбудиву норасоиҳо низ ишора кард.

Носир Сафарализода қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бояд сармашқи фаъолиятҳои илмӣ дар Институт бошад.

Дар хотима кормандони Институт дар атрофи масъалаҳои муҳими дохилӣ ва иҷрои лоиҳаҳо ва татбиқи амалии онҳо дар истеҳсолот табодули афкор намудан.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту