preloader

интизор шавед...

Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар доираи Ҳафтаи илм

  • 09-апр-2025
  • 54 дидани саҳифа

Дар доираи Ҳафтаи илм, дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ин тадорукот ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (солҳои 2020–2040)», «Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018–2028” ва «Соли технологияҳои рақамӣ (2025)» бахшида шуда буд.


Дар ҳамоиш номзади илмҳои техникӣ Пӯлод Аминзода дар мавзӯи  «Ҳиссаи Институт дар таҳкими ҳакориҳои байналмилалӣ дар самти сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар” суханронӣ кард. Мавсуф бештар дар бораи лоиҳаҳое изҳои назар намуд, ки дар таҳкими ҳамкориҳои Институт бо созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ нақш бозидаанд. 

Мудири лабораторияи зилзилатобоварии бино ва иншоот, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АМИТ Д.Н. Низомов дар мавзуи “Оид ба шеваҳои моделкунонии заминҷунбӣ бо мақсади ҳисоби мустақими динамикии бино ва иншоот” ибрози назар намуд. Вай дар маърузаи худ аз охирин дастовардҳои илм дар ин замина ёдовар шуд ва аз таҷрибаҳое, ки ниҳодҳои вобастаи илмии Тоҷикистон дар ин самт гузаронидаанд, нақл кард.

Доктори илмҳои физика-математика, мудири лабораторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ Ф.Каримов маърузаи худро ба мавзӯи “Релаксияи инерсиалӣ ва гравитатсионии муҳити вископластикии геофизикӣ» бахшид.

Ҳозирин ҳамчунин баромади роҳбари гурӯҳи коркарди маьлумотҳои сейсмикӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия Р.Ҷӯраевро дар мавзӯи “Моделҳои эҳтимолии заминларзаҳои шадид дар минтақаи Рашт-Тоҷикобод барои таҳияи чораҳои коҳиш додани хатари сейсмикӣ»-ро шуниданд.

Дар конфронс мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис, доктори илмҳои геология ва минералогия Ф.Ғафуров, мудири лабораторияи канданиҳои фоиданок, доктори илмҳои геология ва минералогия  Ф. Файзиев, ходимони пешбари илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок, номзадҳои илмҳои геология ва минералогия М. Фозилзода ва И.Оймаҳмадзода,   ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои физика-математика Ш.Шозиёев, муҳандиси пешбар Ш.Олимов, ходими пешбари илмӣ, номзадҳои илмҳои геология ва минералогия А.Швартс,  ходими хурди илмӣ М.Давлатова, ходими илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок Ф.Раҳимов, ходими калони илмии лабораторияи зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ О.Каримов дар мавзуҳои мухталиф маъруза карданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту