preloader

интизор шавед...

Ёде аз академик Каниш Сатпаев

  • 11-апр-2025
  • 67 дидани саҳифа

Имрӯз, 11-уми апрели соли 2025 дар Институти  геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон маросими ёдоварӣ аз акаденмик Каниш Имантаевич Сатпаев баргузор шуд.

Дар маросим  Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, ноиби Президент академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, директори Институти геология сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Носир Сафарализода, инчунин кормандони Институт ва кормандони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ширкат карданд. 

Ҳозирон баъди ёдоварӣ аз хидматҳои академик Каниш Сатпаев дар пояи лавҳаи ёдгории ӯ дар девори Институт гулчамбар гузоштанд.

Дар маросим ҷаноби Валихан Туреханов суханронӣ кард ва аз Каниш Саптаев ба унвони бузургтарин донишманди илми геология ва моҳиртарин кашшофи конҳои нокушодаи Қазоқистон ёд кард. Вай гуфт хидматҳои ин марди пурталош дар рушди геология ва минералогияи Иттиҳоди Шуравӣ қиёснашаванда аст.

Каниш Имантаевич Сатпаев – донишманди соҳаи геологияи аҳли Иттиҳоди Шуравӣ, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои геологӣ-минералогӣ (1942), профессор (1950), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Сотсиалистии Қазоқистон (1946) ва АИ СССР (1946), аввалин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Сотсиалистии Қазоқистон.

31-уми март (12-уми апрел)-и соли 1899 дар шаҳри Павлодари вилояти Семипалатинск ба дунё омад ва 31-уми январи соли 1964 дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Москав дида аз олам барбаст.

Солҳои 1930 ҷустуҷӯҳои геологии канданиҳои фоиданоки “Джезказгани бузург” воқеъ дар ҳавзаи дарёи Сарисро сарварӣ кард.

Поягузори мактаби металоген дар Қазоқистони солҳои 50-уми асри гузашта буд.

Академик Каниш Сатпаев  соли 1951 бо дастури  Президиума АИ СССР дар иҷлоссияи ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ширкат кард. Дар ҳамин иҷлосия узви фахрии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Аз он замон то охири умр академик Сатпаев пайванди ногусастанӣ бо олами илми геологияи Тоҷикистон дошт.

31-уми январи соли 1964 баъди бемории бардавом дар шаҳри Москав тарки олам кард. 3-уми феврал дар Оромгоҳи марказии шаҳри Ала-Ато ба хок супурда шуд.

 Ёдаш гиромӣ бод!

 

 МУСАЛЛТАР ДАР БОРАИ АКАДЕМИК САТПАЕВ ИН ҶОСТ:

Ӯ шахсияти бузург ва олими сатҳи ҷаҳонии геология буд

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту