preloader

интизор шавед...

Донишмандони тоҷик дар бораи академик Сатпаев: Ӯ шахсияти бузург ва олими сатҳи ҷаҳонии геология буд

  • 11-апр-2025
  • 73 дидани саҳифа

Академик Каниш Сатпаев ҳамчун шахсияти бузург ва олими забардаст на танҳо дар ташаккули илми геология ва заминаи канданиҳои фоиданоки Қазоқистон, балки дар дигар минтақаҳои Осиёи Миёна ҳам нақши амиқ гузоштааст.

****   ****

Ҳамчуноне ёдовар шудем, 11-уми апрели соли ҷорӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими гулгузорӣ ба пояи лавҳаи фахрии Каниш Имантаевич Сатпаев – аъзои фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Қазоқистон, академики Академияи илмҳои собиқ ИҶШС, поягузори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими гулгузорӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода И.Т. ва директори Институт Сафарализода Н.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Каниш Имантаевич Сатпаев 12 апрели соли 1899 дар шаҳри Павлодари вилояти Семипалатински Ҷумҳурии Қазоқистон дар оилаи Имантай би Сатпаев таваллуд шудааст.

Ҳанӯз ҳангоми таваллуд ба ӯ Габдулгонӣ ном гузошта буданд, вале модараш - Алима ӯро бо меҳрубонӣ Ганиш (Каниш) ном мегирифт. Дере нагузашта ҳама ҳамдеҳагон ба писарча Каниш гӯён муроҷиат мекарданд. Ӯ ҳанӯз аз хурдӣ ба табиати атроф, кӯҳу пуштаҳо ва водиву дараҳои диёраш майлу рағбати зиёд пайдо карда буд. Чӣ тавр пайдо шудани кӯҳҳо, ҳосилшавии ҷинсҳои кӯҳиву ба миён омадани заминларзаҳо, фавворазании чашмаҳову сарчашмаи обҳои рӯду дарёҳо ва  суолҳои зиёди дигар ӯро водор сохтанд, ки ба илми геологияву сейсмология сахт дил бандад... 

Соли 1926  К.И. Сатпаев Институти технологии Томск (Руссия)–ро бомуваффақият хатм кард ва аз миллати қазоқ нахустин нафаре буд, ки соҳиби дипломи  муҳандис-геолог гаштааст. Месазад қайд намуд, ки Каниш Имантаевич тӯли 15 сол ба Карсакпай сафар карда, исбот намуд, ки дар ин ҷо кони дар ҷаҳон бузургтарини мис ҷойгир аст. Дар ин ҷо ӯ шӯъбаи геологиро сарвар буд, ки дар ҳайати он  ду комбинат: Спасский, ки ба ҳавзаи ангишти Қарағанда ва Успенский - кони мис шомил буд.

Соли 1958 барои таҳия кардани асосҳои методологӣ ва тартиб додани харитаҳои пешгӯикунии металлогении Қазоқистони Марказӣ, ки дар амалияи геологии ҷаҳонӣ ҳамто надошт, гурӯҳи геологҳои Қазокистон бо сардории академик К. И. Сатпаев сазовори Мукофоти Ленинӣ гардиданд. Ин асар аҳамияти баланди илмии олимони Қазоқистон ва мактаби Сатпаевро ба тамоми ҷаҳон нишон дод.

Академик К.И. Сатпаев ба ташаккул ва инкишоф додани муносибатҳои байналхалқии Қазоқистон, мустаҳкам кардан ва ривоҷ додани ҳамкории олимони қазоқ бо олимони Руссия, Украина, Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон, Қирғизистон нерӯи калон бахшид. Эътироф намудани хидматҳои шоёни К. Сатпаев дар ин соҳа ба аъзогии Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС интихоб шудани ӯ гардид. Мероси илмии К.И. Сатпаев дар ҳақиқат бузург аст.

 Дар он 600 асар оид ба металлогения, минералогия, геохимия, маъданҳо, стратиграфия, тектоника, география, иқтисодиёт ва дигар илмҳо ворид карда шуда буданд. Гарчанде самти асосии кори илмии ӯ ҳамеша масоили металлогенияи маъданҳо буд.

К.И. Сатпаев дар инкишофи илми геология дар ИҶШС ва ташаккули илм дар Қазоқистон ҳиссаи калон гузошт. Дар давраи роҳбарии ӯ ба Академияи илмҳои Қазоқистон дар ҳайати он институтҳои бисёрсоҳаи тадқиқоти илмӣ бомуваффақият кор мекарданд.

Вай аввалин олим аз Осиёи Миёна буд, ки ҳанӯз соли 1946 академики Академияи илмҳои ИҶШС интихоб шуд. Академик К И. Сатпаев дар инкишофи илми тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст. Соли 1951 дар иҷлосияи якуми ташкилии Академияи илмҳои Тоҷикистон ӯ узви фахрии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар вақти сарвари Академияи илмҳои Қазоқистон буданаш К.И. Сатпаевро зуд-зуд ба Тоҷикистон даъват мекарданд, то масъалаҳоеро, ки бевосита ба фаъолияти илмии Институти геология ва сейсмологияи Тоҷикистон алоқаманд буданд, муҳокима кунанд. Вай инчунин борҳо олимони ин муассисаҳоро барои шинос шудан бо фаъолияти тадқиқоти илмии Институти илмҳои геологии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон даъват кардааст.

Солҳои минбаъда як қатор олимони Тоҷикистон дар Институти илмҳои геологии ба номи К И. Сатпаев рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро ҳимоя кардаанд.

Мисоли равшани ҳамкории геологҳои ҳар ду давлат конфронси байналхалқие буд, ки бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди академик К. Сатпаев моҳи марти соли 1999 дар Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар кори он олимони варзидаи Тоҷикистон оид ба фаъолияти илмии ин донишманди бузург маърузаҳо карданд.

Метавон гуфт, ки академик Каниш Сатпаев ҳамчун шахсияти бузург ва олими забардаст на танҳо дар ташаккули илми геология ва заминаи канданиҳои фоиданоки Қазоқистон, балки дар дигар минтақаҳои Осиёи Миёна ҳам нақши амиқ гузоштааст.

К.И. Сатпаев, пеш аз ҳама, шахсияти бузург ва олими сатҳи ҷаҳонии соҳаи геология буд ва мемонад. Ӯ дар Қазоқистон мактаби металлогенияро бунёд ва роҳбарӣ мекард.

Хидматҳо ва заҳматҳои академик К.И. Сатпаев дар рушди илми тоҷик ва ташаккулёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мо олимони соҳа хуб дарк ва аз ин хизматҳо арҷгузорӣ мекунем. 

Сафарализода Н.С. – директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия


Ғафурзода Ф.Г. – мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту