Мизи гирд бахшида ба Рӯзи пойтахт
- 22-апр-2025
- 67 дидани саҳифа
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи гирд баргузор шуд. Дар он роҳбарият, сарварони лабораторияҳо ва кормандони Институт ширкат карданд.
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода зимни суханронии худ дар бораи моҳияти ин рӯз ибрози назар намуда, гуфт, ки Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Душанбе ҳам шаҳри ҷавон аст ва ҳам миёни пойтахтҳои кишварҳои олам ҷавонтарин пойтахт ба шумор меравад. Вале бовуҷуди ҷавонӣ ҳоло ба як шаҳри шукуфону озода табдил шудааст. Хиёбону гулгаштҳои он ба ҳадде назаррабоянд, ки кас аз тамошои он сер намешавад.
Директори Институт дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки Душанбе оинаи фарҳанги миллат аст, шаҳри тамаддунофар аст. Беҳуда нест, ки аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр дар Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мизи гирд дигар кормандони Институт суханронӣ карданд ва аз таърихи шаҳри Душанбе ёд оварданд. Душанбе замоне шаҳр эълон шуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид. Аммо аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри мо Сталинобод номида мешуд ва соли 1961 дубора ба номи аслии худ баргашт ва пойтахти Тоҷикистон Душанбе ном гирифт.
Аз он метавон ҳисси ифтихор дошт, ки шаҳри азизи мо ҳоло бо шаҳрҳои Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лусака (Ҷумҳурии Замбия), Монастир (Ҷумҳурии Тунис), Лоҳур, Исломобод (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия), Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Теҳрон, Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Минск (Ҷумҳурии Беларус), Чиндао, Хайнан, Урумчи, Сямэн (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анқара (Ҷумҳурии Туркия), Ашқобод (Туркманистон), Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) бародаршаҳр аст.
Ҳамчунин бо 21 шаҳри давлатҳои қораи Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо бар пояи созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор кардааст.