preloader

интизор шавед...

Тасвирҳое дилнишин аз як рӯзи поккориҳо дар Институт

  • 03-май-2025
  • 54 дидани саҳифа

Баҳор фасли шукуфтанҳост ва фасли сабзи сол. Фаслест, ки дарахтон сабзу гулпӯш мешаванд, растаҳо аз гулҳои рангоранг нур мегиранд, гиёҳон қад мекашанд, чашмаҳо аз дили сангу рег оби ширину лазиз бурун мекунанд.

Ҳар макон дар ин фасл зебост. Аз ҷумла манзараҳои диданӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ зиёданд. Аз ҳама муҳим эъҷози табиати афсункорро метавон дар боғи ин Институт мушоҳида кард. Касоне, ки рӯзи шанбе саргарми поккориҳо дар Иститут шуданд, ин манзараи зеборо ба чашмони худ диданду аз бӯи сабзаву раёҳини боғи он табъ хуш карданд.

Аммо лозим омад акнун аввалин дарави алафҳои рӯидаро анҷом диҳанд. Сабзаҳое, ки замоне нав сар берун аз хок баъди хоби нози зимистон карда буданд, ҳоло қад кашидаанд ва мебояд дарави аввалро анҷом дод, то ба рушду нумуи баъдии онҳо шароит фароҳам шавад.

Кормандони Институт бо дарки масъулият аз субҳ ҷамъ омаданд ва як силсила корҳои ободониву поксозиро анҷом доданд.

Ғайр аз он ки алафҳои расидаро дарав кунанд, лозим омад ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо низ тоза намоянд. Зеро ҳоло ҳам мавсими борон аст ва агар ҷӯйборҳо тоза набошанд, оби боронҳои пуршиддат роҳи бурунрафт намеёбанд.

Чанд аксе, ки дар зер меояд, баёнгари манзараи кории имрӯзи кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мебошад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту