preloader

интизор шавед...

Рӯзҳои ободонӣ дар пойгоҳи сейсмикии Санги Кар

  • 05-май-2025
  • 151 дидани саҳифа

Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳати гузаштаро дар пойгоҳҳои сейсмологии Рашту Санги Кар гузаронданд. Ҳадаф роҳандозии корҳои ободонӣ дар ин ду мавзеъ буд.

Пойгоҳи сейсмологии Санги Кар дар ҷамоати деҳоти Раҳимзодаи ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ин мавзеъ то маркази ҷамоат ҳудудан 4 километр ва то маркази ноҳия 18 километр масофа мебошад.

Пойгоҳи сейсмологии Санги Кар як пойгоҳои куҳане дар тобеияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ба шумор. Аммо шояд муддати беш аз ду даҳсолаи охир он таъмир нашуда буд.

Кормандони Институт атрофи бино ва пойгоҳро тоза карданд, бехи дарахтонашро нарм карданд, ҷойҳои бар асари боду борон рӯ ба харобӣ овардаро рангубор намуданд, деворҳоро сафед карданд.

Пойгоҳи мазкур як маркази сейсмологӣ буда, фаъолнокии сейсмикиро сабт мекунад ва аз рӯи он самти аслии такони замин дар вақту соати мушаххасро муайян карда, масофа ва вақту соати заминларзаро дақиқан ба марказҳои зилзиласанҷӣ ирсол мекунад. 

Рамсмҳо аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар пойгоҳи сейсмикии Санги Кар.


Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту