preloader

интизор шавед...

Баррасии рисолаи номзадии Манижа Раҳимбекова

  • 07-май-2025
  • 186 дидани саҳифа

6-уми майи соли равон дар ҷаласаи васеи лабораторияи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва гурӯҳи технологияи геоиттилоотӣ ва зондкунии дистансионии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ муҳокимаи рисолаи номзадии ходими калони илмӣ Раҳимбекова Манижа Раҳмонбековна баргузор гардид.

Тахқиқоти ӯ таҳти роҳбарии номзади илмҳои геология ва минералогия Оймухаммадзода И.С анҷом ёфта, ба мавзуи “Қонуниятҳои паҳншавии равандҳои экзогенӣ-геологӣ дар водии дарёи Ғунд” бахшида шудааст.

Ин таҳқиқот ба масъалаҳои муҳим ва замонавии соҳаи геология дахл дошта, дар заминаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2030, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, № 602 тасдиқ гардидааст, амалӣ гаштааст.

Дар ҷаласа мудирони лаборатория ва кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  иштирок кардаанд.

Натиҷаҳои ба даст оварда шуда барои арзёбии хатарҳои табиӣ, ба мисли ярч, сангрезиш ва тарма дар банақшагирии истифодаи замин аҳамияти калон доранд.

Ҳамзамон, маълумотҳое, ки унвонҷӯ дар натиҷаи таҳқиқот ба даст овардааст, барои ҳисоб намудани зарарҳои эҳтимолӣ ва таҳлили устувории минтақаҳои дигар дар Помир низ ба кор бурда шаванд.

Пас аз шунидани тақризҳо ва посухҳои довталаб ба суолҳо, иштирокчиёни ҷаласа якдилона қарор қабул намуданд, ки рисолаи номзадии Раҳимбекова Манижа Раҳмонбековна ба ҳимоя пешниҳод карда шавад.

Кормандони Институт ҳамкасби худро самимона табрик гуфта, ба ӯ дар самти фаъолияти илмӣ муваффақиятҳои нав орзу намуданд!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту