preloader

интизор шавед...

Таҷлили 80-солагии пирӯзӣ бар фашизм дар Институт

  • 08-май-2025
  • 36 дидани саҳифа

Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-уми солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода дар суханронии муқаддамотии худ ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда меборакбод кард.

Вай аз ҷумла, гуфт, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон аз соли 1939 то 1945 идома кард ва дар он 72 давлати хурду бузург аз сартосари олам ширкат намуд. Аммо доманаи амалиётҳои ҷангӣ дар уму дар ҳудуди 40 кишвари дунё вусъат ёфт. Дар ин ҷанг аз сартосари олам бештар 110 миллион нафар сафарбар шуданд. Натиҷа он шуд, ки зиёда аз 50 миллион нафар кушта шуданд.

Директори Институт дар идомаи суханронии худ маънои Ҷанги Бузурги Ватаниро шарҳ дод ва иброз дошт, ки ин ҷанг аз соли 1941 то 1945 дар қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ гузашт, ки халқи сермиллати советӣ бар зидди таҷовузи фашизми Олмон ба по хест. Иттиҳоди Шуравӣ аз 15 ҷумҳурии сотсиалистӣ иборат буд ва ҳамагон чун як миллат зидди фашизм ба мубориза бархостанд.

Носир Сафарализода дар идомаи суханронии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҷаласаро ба саҳми Тоҷикистон дар ин ҷанг ҷалб кард. Вай гуфт, ки ҷумҳурии мо чун узви ҳамин Иттиҳод аз нахустин рӯзҳои таҷовузи Олмони фашистӣ ба сафи пеши ҷабҳа пайваст.  Дар ин ҷанг зиёда аз 92 ҳазор фиристодаҳои Тоҷикистон дар роҳи дифоъ аз марзу буми кишвар ҷон бохтанд. 58 ҳазор нафар сокинони ғаюри мо  ба ордену медалҳо мукофотонида шуданд, барои далерӣ, ҷонбозӣ, қаҳрамониву шуҷоат 55 нафар тоҷикистониён ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф шуданд.

Носир Сафарлизода дар бораи ақибгоҳ дар солҳои ҷанг низ ибрози назар намуда, гуфт, ки дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 корхонаи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини Сталинобод (Душанбе), комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд.

 Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд.  

Дар ҷаласа ҳамчунин устодон Низомов Ч. Н., МавлонӣС., Ҷӯраев Р. У., Аминзода П. ва Юсупова З. суханронӣ карданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту