
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми майи соли 2025, соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 168 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 23 километр шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бино ба маълумоти манбаъ қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашт-Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.
Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст