preloader

интизор шавед...

Боз як рӯзи покиву назофат дар Институт. Шанбе, 10уми март

  • 10-май-2025
  • 190 дидани саҳифа

Рӯзи шанбе, 10-уми марти соли равон кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз субҳ гирди ҳам омаданд ва аз пайи ободониву покккориҳо дар ҳудуди коргоҳашон шуданд.

Бонувонро ҷорӯб насиб шуд то ҳавливу роҳравҳоро аз бодовардаҳо тоза кунанд. Онҳо ҳамаро рубучин карданд ва хасу хаспораи дар ин ду-се рӯзи охир ҷамъшударо руфтаву саҳни коргоҳро озода карданд.

Мардонро лозим омад чун дар ҳафтаи гузашта алафҳои расидаро дарав кунанд. Боронҳои рӯзҳои охир ва гармои офтоб сабаб шуда, ки алафҳо қад кашанд. Лозим омад онҳоро дараванд, то дубора нашъунамо ёбанд.

Ҳамчунин ҷӯву обравҳоро ҳам аз хасу хаспораву ҳар гуна селовардаҳо тоза карданд, то агар борони шадид борад, оби ҷамъшуда роҳи бурунрафт дошат бошад ва ба бино зарар нарасонад.

Ин ҳама корҳоеанд, ки маъмуланд тибқи анъана ҳар шанбе анҷом дода мешаванд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки ҳам саҳни ҳавлии муассисаи илмӣ поку тамъйиз аст ва ҳам ҳотаи он басаришта нигоҳубин шудааст. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту